Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
кӯдакони пасту баланд чунон бисёр гунд шудаанд, ки мондан гиред... Дар байни онҳо ду занаки бузбала, мисле, ки мусобиқаи гӯштингирӣ бошад, чунон занозанӣ рӯканию мӯйканӣ доранд, ки ба tasвири ин воқеа қудратам намерасад.
Тавба! Ин хел аҷоиботро ман бори аввал медидам. Ҷанги зану ҷанги ғурбакариб ҳардуяш якхел будааст! Фақат ба рӯи якдигар ханҷол мезананд. Фарқи ҷанги зано аз ғурбаҳо дар он аст, ки онҳо гоҳ-гоҳ аз мӯи сари ҳамдигар тобғула-тобғула дошта силтав мезананд.
Садои шӯру валвалаи мардум аз майдончаи варзишӣ ба ошёнаи чоруми бинои мо ҳам расидааст, ки духтари ҳамсояи мо Зарина аз балкон сар ба берун бароварда дидааст, ки модарашро дар иҳотаи кӯдакон зани бегона аз бинои ҳамсоя лату кӯб дорад, давида омад. Зарина донишҷӯи донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аст. Вай аз машқи карате унвони устоди варзишӣ ҳам дорад. Ӯ аввал хост, ки модарашро аз чанголи зани бегона бо хубӣ наҷот диҳад. Лекин зани бегона модарашро монда ба сӯи Зарина ҳамла овард. Зарина аввал каме андеша карда: «Ҳой хола, ором шавед. Ҳой хола, беодоби накунед!» гуфт.
Зани бегона бошад ҷаҳлаш хурӯҷ карда буд, ҳамоно мисли ғурбаи ҷангалӣ ба сӯи Зарина ҳуҷум мекард, ба рухсори ӯ ханҷол мезад, рӯяшро хуншор кард.
Зарина дид, ки зани бегона ҳеҷ сар намефарорад, усули каратеро ба кор бурд.
- Ҳа! Гӯён як ҷаҳид ва ба пои росташ ба бехи гӯши чапи зани бегона чунон фаровард, ки ӯ ба замин дароз афтида дигар начунбид. Ҳамин лаҳза аз дур садое ба гӯшҳо расид: «Хлопушкада биё, бача!». Ногаҳ шавҳари зани бегона, марди гурсумбаи кулӯлашакл давида омад ва ҳолати завҷаашро дида, хашмаш авҷ гирифт ва ба сӯи Зарина хост, ки дарафтад. Вай акнун мехост даст ба мӯйҳои Зарина дароз карда капад ва ӯро шаттакаш кунад. Вале Зарина «ҳа» гуфту боз боло ҷаҳида ба ҷоғи мардак чунон фаровард, ки ӯ ҳам дар паҳлӯи занаш дароз афтид. Як маротиба сар бардошта ба Зарина нигарист, вале мадори хестан надошт. Бачаҳо, ки дар варзишгоҳ давра зада буданд, мисле, ки мусобиқа гузашта истода бошанд, ба тарафдории Зарина кафкӯбӣ мекарданд. Гӯё касе тавассути телефон ба шӯъбаи милиса хабар дода бошад, ки милисаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё