Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

қитъавӣ боз ҳамроҳаш як капитану як майор давида омаданд. Онҳо ки ҳолатро дида: - Чӣ гап аст?! Барои чӣ ҷанг шуд?!

  • Барои хлопушка, - гуфт як писарбачаи шашсола, ки дар як гӯшаи варзишгоҳ рост меистод. Ҳамин лаҳза аз пушти бинои рӯ ба рӯ садои марғуладоре баланд шуд.
  • Хлопушкада биё, бача!!!
    Ҳамаи бачаҳо ба сӯи хлопушкафурӯш давиданд. Милисаҳо ҳам аз пайи онҳо гӯё он ҷо ягон воқеаи ногаҳонӣ шуда бошад, давиданд.
    Аз ҳар гӯшаи маҳалла садоҳои гуногун «Хлопушкада биё, бача!», «Хлопушкаи арзон», пок-пок, клап-клап шунида мешуд. Пас аз лаҳзае на садоҳои хлопушкафурӯшону на пок-поки хлопушкаҳо шунида намешуд, чунки милисаҳо ҳамаи онҳоро ҷамъ карда дар майдончаи варзишӣ оташ заданд. Дуди хлопушкаҳо ба осмон печид, лекин маҳалла орому тинҷ шуд...
    Соли 2007

...ЧАШМИ ҲАСУД КӮР АСТ...
Толори барҳавои дароз, курсиҳои он ба сони барф сап-сафед пӯшидагӣ. Курсинишинон паси ҳам вориди толор мешаванд. Дар толор оромӣ ҳукмфармост. Нимаи толор салқину нимаи дигараш гарм. Барои он ки дар як нимаи толор шамолдиҳакҳо кор мекунанду дар нимаи дигараш не. Чаро?
Аз қатори пеш марди бузургҷуссае бо дастрӯймолаш арақҳои ҷабинашро поккунон сӯи минбар меравад ва ҳолати толорро чунин шарҳ медиҳад:

  • Ман аз нигоҳҳои шумо фаҳмидам, мехоҳед донед, ки барои чӣ нимаи толор салқину нимаи дигараш гарм аст? Ин ҷавоби савол чунин аст: Мо қувваи барқро барои зимистон сарфа карда истодаем. Аз ҳамин ҳисоб зимистон хонаҳоятон чунон гарму равшан мешаванд, ки боз бодбезак мехоҳед.
    Дӯстони воломақом, ман маърӯзаи калоне тайёр кардагӣ, лекин таклиф дорам, ки агар баромад ба таври саволу ҷавоб гузарад, айни муддао мешуд, чунки ман айнакҳоямро дар хона фаромӯш кардагӣ. Чӣ гуфтед?!
    Акнун вазъи омодагӣ ба зимистонгуронӣ дар кадом ҳолат аст, ба шумо каме саволу ҷавоб мекунем.
    Чанд рӯз қабл мо як гурӯҳ, дар ҳайати геологҳо, тадқиқотчиҳо, мутахассисони варзида аз експедисияи кӯҳҳои
пешина
аз 173
навбатӣ