Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

«УСУЛИ НАВ» - И САБУР

Сабур Бевақтии шаб аз сафар баргашт. Мошинашро дар база бурда монду хона омада, пулашро аз қиса бароварда ҳисоб кард. 32 сӯмашро як тараф гузашту «инаш ҳаққи хизмати мошину автобаза - гуфт пули боқимондаро шумурда, таъбаш хира шуд.

Боз нашуд, сабил. Пештарҳо аз сӣ-чил кам намешуд. Каму беш ба ӯру ошноҳо маишат мекардем. Акнун чӣ? Понздаҳ сӯм кирои меҳнат ҳам намекунад. Сабур ба чаккааш даст бурд, «мардум пухта шудагӣ». Эҳ, Сабур, Сабур ту ҳам пухта шав!- гуфт худ ба худ ва пагоҳии рӯзи дигар ба автобаза барвақттар рафт, дари мошинро кушода дар паси рули он нишаст.

-Имрӯз бо усули нав кор мекунам! - гуфт худ ба худ ва мошинро пеш ронд. Дар автовокзал пассажирони бисёре интизори мошин буданд. Баробари ба онҷо расидан ӯро гирд карда гирифтанд.

-Шофёрҷон, куҷо меравед?

-Ҳеҷ куҷо.

-Писарам. Душанбе намеравед?- пурсид мӯйсафеде:

-Не, мумкин нест!

-Набошад моро то Қӯрғонтеппа намебаред? - пурсид ҷавонмарди дигаре.

-Не.

-Куҷо меравед?

-Гуфтам-ку. Ҳеҷ куҷо намеравам.

Ҳама ҳайрон шуданд, ки дар паҳлӯҳои мошин нишонаҳои таксӣ задагию ронанда як зайл « ҳеҷ куҷо намеравам» мегӯяд.

-Ӯй, бародар, пулатро медиҳем, моро ба Душанбе бар!

-Чанд сӯмӣ медиҳед?-пурсид вай аз миҷозон ин дафъа мулоимтар шуда.

-Се сӯмӣ!- дия.

-Бо се сӯматон рафта об хӯред!

-Хайр чанд сӯме, ки гиред, медиҳем, - гуфтанд онҳое, ки корашон заруртар буд.

-Ана, ин гапи дигар.

Сабур кафҳои дастонашро бо ҳам соидан гирифт. – Канӣ, чор нафар савор шаведу 5 - сӯмӣ тайёр кунед!

Чор нафар савор шуданд. Сабур сигнали «Волга» - таксиашро ду-се бор пахш карду роҳи Душанберо пеш гирифт.

пешина
аз 173
навбатӣ