Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъди як соату 15 дақиқа ба вокзали шаҳр омад. 20 сӯми онҳоро гирифт ва «чашм нарасад, имрӯз кор омад кард» гуфта, чун дид, ки автовокзали шаҳр боз ҳам серодамтар, каноратар рафта, ба пушт баҳузур такя кард. Пассажирон боз ӯро иҳота карда, тавалло кардан гирифтанд.

— Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам! Гарзанда накунетон, — гуфту ба як гӯша рафта истод.

Таксиҳо аз ноҳияҳои гуногун паси ҳам омада, дар паҳлӯи мошини ӯ меистоданд. Вай ҳамаи шофёрҳоро ба атрофи худ ҷамъ карда мегуфт:

— Ҳа, соддаҳо, гӯш кунед: шумо то ҳол тоби корро наёфтаед. Ман як усули аҷоиботро ёфтам. Лекин гап байни худамон монад.

— Кани, шунавем, — гуфтанд шофёрҳо ҳалқавор ӯро печонда гирифтанд.

— Усули нави ман, — гуфт Сабур, — ин аст, ки ба миҷозон якуякбора «хуб» намегӯям. Худро ба канор гирифта, «ба ҳеҷ куҷо намеравам» мегӯям. Қорафтодагон ба илтиҷо медароянд, ман нархро ғоз медиҳам. Ана, мебинед, ки чанд пуле, ки хоҳам, медиҳанд. Дар ҳар як рейс 20 сӯм кор мекунам. Шумо низ ҳамин ки ба автовокзал омадед, мошинро ба истгоҳ монда, худатон дар як гӯша рафта, бепарво сигор кашида шинед. Мизоҷон омада, худашон ба зорию тавалло медароянд.

Сабур қиссаи дар ноҳия аз сар гузаронидаашро бо рангу бори нав нақл кард.

  • Мана, ман ҳисоб карда баромадам: рӯзҳои кориам «Волга»-и напа-нав аз шаши пагоҳӣ то нӯҳи бегоҳ, баъзан аз ин ҳам дертар, дар ихтиёрам аст – ку? Ин кам не, ғам не, 15 соат мешавад? Мешавад! Аз ин як-ду соаташро барои хӯрокхӯрӣ, чойнӯшию дамгирӣ мебарорем, 13-14 соат боқӣ мемонад? Мемонад! Акнун, дар ин сездаҳ - чордаҳ соат чанд райс кардан мумкин? Чиликҳисобро нағз донистан даркор, бародарҳо, чиликҳисобро! Агар ба ҳисоби миёна дар ҳар се соат то Қӯрғонтеппа ё ноҳияи «Арал» ду рейс кунем, чанд маротиба мешавад? Агар ҳар рейсамонро 20 сӯми ҳисоб кунем-чӣ? Ё бист сӯмӣ саҳл камтар шуд-мӣ! Хайр, «бардошт зам кун, набардошт, кам-кун» гуфтаанд. Ана гуфтем, ки 16 сӯмӣ. Ҳар рӯз баҳузур чор- панҷ рейс мекунам. Чанд сӯм мешавад? Агар 20 сӯмӣ
пешина
аз 173
навбатӣ