Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

шавад 80 сӯм, 16 сӯмӣ шавад, 64 сӯм! Инаш ҳам бад не! Аз ин 32 сӯмашро ба ҳисоби пилон месупорам. Дигараш ба қисаи худам.

-Шумо гумон мекунед, ки фақат мо, «таксистҳо» ҳамин тавр кор мекунем! Не! Ронандагони автобусҳо ҳам аз мо монданӣ надоранд. Агар шумо ба автобусҳои автобазаи «Себистон» назар кунед, ки аз ноҳия ба колхозҳои «Уялӣ» ба номи «Чапаев», «Москва» чунон одам метапанд, ки одам болои одам. Ана, пулу мана пул!

-Дар автобазаи шумо назорат гуфтагӣ гап набудааст-дия, - гуфт яке аз ронандаҳо.

-Бигузор пойи давлати Сардори автобазамон Салом Сафолов, сармуҳандис Рустамов Сафол боз ҳам мустаҳкам гардад, гуфт дар ҷавоб Сабур. Онҳоро ҷони одам гӯед ҳам, меарзанд. Чунки мошинҳоро пурра ба ихтиёри мо - ронандаҳо додаанд. Чи коре, ки хоҳем, кардан мегирем. Ҳатто таъриф ҳам мекунанд. Барои ҳамин масалан, расми каминаро дар «Тахтаи фахрӣ» ҷой доданд.

Қарсак аз ду ҷониб мешавад, ҷӯрагон! Мо ҳам ба онҳо ҷойпулӣ медиҳем, онҳо ба мо шароит медиҳанд.

-Автобазаи шумо дар куҷост, бародар? - пурсид шофёри дигаре.

-Суроғаашро мегӯӣ? Ноҳияи «Арал».

Накли Сабури Латиф анҷом ёфт. Ронандаҳо ин кори ӯро ноинсофӣ, мардумфиребӣ гуфтанд.

Сабур баъди ёфтани пассаҷирони «сахӣ» боз ба роҳ баромад, аммо чанде нагузашту чашмонаш пир-пир паридан гирифт. Пас аз анҷоми боз як рӯзи «бобаракат» андаке хавотиромезона ба автобаза баргашт. Ба ӯ гуфтанд, ки аз болояш шикоят омадааст. Вай дар ҷояш шах шуда «Оҳ сабил, имрӯз чашми чапам парида буд - а! – гуфта монд.

Фармони сардорони автобаза дар тахтаи эълонҳо баромада буд: «Сабури Латиф ҳамчун ронандаи ноинсофу мардумфириб аз кор озод карда шавад!».

Соли 1973.

ҚИССАИ ЯК «АТАМАН»

Абдураҳмон бо зану бачаҳои хурдсолаш гирди дастурхон нишаста, худситой мекард. Қиссаи бо як даст ба пушт хобидани ду паҳлавонро мегуфту аз ваҷоҳати фарзандон худ ба худ

пешина
аз 173
навбатӣ