Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Исо хост ба Абдураҳмон фаҳмонад, ки писарони ӯ дар тӯй рафтори ношоиста карда, бо бачаҳои деҳа беҳуда ҷангу ҷанҷол бардошта, маъракаро вайрон кардаӣ шуданд. Одамони солхӯрда фақат насиҳат доданд. Аммо ин суханҳо нотамом монданд. Аз зарби шаттаи Аброр Асомиддин калавид. Баъд муштҳои падару писар ба кор даромаданд... Ҳамкораш Раҳмон Нозимов аз ин воқеа ваҳмида бо баҳонаи «ба милиция телефон кунам» роҳи гурезро пеш гирифт. Ҳамон рӯз Асомиддинро ба касалхонаи ноҳия бурданд. Намояндаи милиция бошад, падару писарро пешандоз карда, ба милисахона бурд. Вале чӣ мегӯед, ки бегоҳӣ Абдураҳмон ба хонааш баргашту ҳама дар тааҷҷуб монданд.

-Дил ёбу қанд хӯр, - гуфтаанд. - Аз об хушк баромадан ҳунари ҳар кас не, - гуфт ӯ. - Аброр ҳам имрӯз-пагоҳ меояд.

Сокинони деҳаи «Баҳор»-ро ин хабар ба хашму ғазаб овард. Нафақахӯрҳои колхоз ба маркази ноҳия рафтанд. Дар ноҳия «шумо равед, мо воқеаро месанҷем» гӯён онҳоро гуселониданд. Дар ҳақиқат ҳам бо сардории раиси комичроияи ноҳия комиссияи бонуфузе ба колхози «Москва» омад. Онҳо дуру дароз маҷлис карданд, лекин қарори маҷлисашон кӯтоҳакак буд: «Гунаҳгорон бояд ҷазо гиранд. Корҳои оммавию сиёсӣ дар колхоз пурзӯр карда шавад». Баъд кор ба муфаттишу прокурор ҳавола шуда. Муфаттиши калон Ислом Мухторов «худам шоҳу тазбам вазир» гӯён назди Абдураҳмон рафт. - Парво накунед, паҳлавон, - гуфт ӯ. - Ман саломат бошам ба поятон хор намехалад. Писарҳоятон Абдуҳалиму Абдураҳим ва баъзе шиносҳоятонро ба рӯйхати шоҳидӣ мегузаронам. Лекин ба Қудрат Зогаков нағзакак фаҳмонед. Набудам, надидам, намедонам гӯяд, суд. Чабрдида бошад, ба ин қарибиҳо аз беморхона намебарояд. То он вақт корро чунон «пухта» мекунем, ки ҳама аз кӯрҳатии мо қоил шаванд.

Асомиддин аз 27 август то 21 сентябр дар касалхонаи ноҳия, қариб ду моҳ дар шӯъбаи маризиҳои асаби беморхонаи ҷумҳуриявии рақами 3-и шаҳри Душанбе ва аз 19 ноябр то 18 декабри соли 1976 дар табобатхонаи физиотерапевтии шаҳри Ленинобод бистарӣ буд. Духтурони мушфику ғамхор тамоми чораю воситаҳоро ба кор бурданд, то ки ӯ нимтана бошад ҳам, ба назди фарзандонаш баргардад. Боре Абдураҳмон ба касалхона назди Исо омада, ба ӯ гуфт:

пешина
аз 173
навбатӣ