Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

-Мо туро ин қадар назада будем, — гуфт ӯ. — Туро духтурҳо маслук кардагӣ. Бинобар ин маслиҳат ҳаст. Мана, пул! Чӣ қадаре, ки хоҳӣ, гиру ҳап шин. Фикри бачаҳоятро бин.

Исо ба рӯи ӯ ҷиддӣ назар кард ва баъд обилаҳои кафи дасташро ба вай нишон дода бемадорона оҳистакак:

— Паҳлавон, ману фарзандонам ба пули ҳалол одат кардагӣ. Пули ту ҳаром аст...

Абдураҳмон касалхонаро боғазаб тарк кунон гуфт:

—Ту давлататро дидаю дониста пешпо мезанӣ, йигитча...

Муфаттиш кор дод. Аз номи Асомиддин баёнот навишт ва имзои ӯро дар ҳолати бемории сахт гирифт. Баёноти шоҳидонро ҳам аз рӯи хости худаш тартиб дода, корро ба суд гузаронд. Ҳама ба умеди он буданд, ки судя Маҳмуҷонов Абдулло фикри мустақил дорад ва мӯйро аз хамир ҷудо карда, ҳукми ҳаққонӣ мебарорад. Сад афсӯс, ки ин тавр нашуд. 31 декабр суд эътирози Асомиддинро ба инобат нагирифта, ба мурофиа шурӯъ кард. Фақат ба Сатторов Абдураҳмон ҷазо доду халос. Иброҳимов ба мақомоти тафтишотии ноҳия ва прокуратураи ҷумҳурӣ аз рафти тафтишу кори ноҳақонаи суд аризаи шикоятӣ навишт. Вале се мактуби Асомиддин Иброҳимов, ки аз прокуратураи ҷумҳурӣ ба ихтиёри прокурори ноҳия фиристода шуда буд, беҷавоб монд. Аҷибаш ин аст, ки ба ӯ ҳам дар суд ва ҳам дар прокуратураи ноҳия чунин ҷавоб доданд: «туро Абдураҳмон не, танҳо Саттор як шапотӣ фаровардаасту халос».

Хулосаҳои эксперти тиббӣ ва гувоҳномаи духтурон бошад, чунин буд: «Асомиддини ҷабрдида бо вуҷуди 112 рӯз дар касалхонаҳо хобиданаш табобат наёфт, дасту пои чапаш маъюб шуда мондаанд».

— Асомиддин марди меҳнатдӯст, фаъолу ташаббускор аст, мо ӯро доимо дар маҷлисҳо чун намунаи ибрат таъриф мекунем, — мегӯяд котиби колхоз Ҳамроқул Розиқзода.

Бале, таъриф мекарданд. Вале афсӯс, ки баъди ин қадар нохушӣ рӯй додан — аз аҳволи чунин колхозчии фаъол пурсон нашуданд.

Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Абдураҳмон Сайфуллоев, ки ташкилотчӣ, сардор ва иштирокчии бевоситаи ҷиноят аст, бояд ҷазо гирад.

пешина
аз 173
навбатӣ