Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
аспирантураи Институти тиббии рақами 1 ба номи И. М. Сеченов-и шаҳри Москва супорид ва таҳти роҳбарии академик В. В. Серов соли 1971 дар мавзӯи «Таъсири касалиҳои дил» рисолаи номзадӣ дифо кард. Ҳимояи рисолаи номзадӣ Ғиёсиддин Мироҷовро имконият фароҳам овард, ки ӯ як зина боло барояд. Вазифаи корманди калони илмии шӯъбаи морфологияи Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон бар дӯши ӯ вогузор шуд. Дар ин вазифа ҷустуҷӯю тадқиқотҳои илмии ӯ ва ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа собит сохтанд, ки Ғиёсиддин Қутбиддинович дорои имкониятҳои хуби роҳбарист. Соли 1972 ӯро муовини директори Институт оид ба илм тайин карданд. Акнун ҳалли аксари масъалаҳои мубрами Институт ба дӯши ӯ гузошта шуд. Ӯ дар муддати даҳ сол барои ҳалли проблемаҳои илмию назариявӣ, таҷриба омӯхт, ҷаҳони ботинии худро бою ғанӣ гардонид. Таҷрибаҳои зиёди илмию амалие, ки тӯли солҳои зиёд андӯхт, имконият доданд, ки соли 1981 дар шаҳри Москва дар мавзӯи «Сабабҳои пайдоиш ва морфологияи касалиҳои машруботӣ ва вируси ҷигар» рисолаи докторӣ ҳимоят намояд.
Ғиёсиддин Мироҷов бо корҳои илмию амалиаш собит намуд, ки яке аз олимони маъруфи соҳаи гастроэнтерология маҳсуб меёбад. Вай қариб дар 30 съезду конференсия, симпозиуму семинарҳо дар шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравии Москва (1981), Санкт-Петербург (1972-1978), Тбилиси (1981), Литва (1982), Тошканд (1983), Рига (1986) ва мамолики дури хориҷӣ дар шаҳрҳои Рим (1994), Берлин (1988), Вена (1998), София (1989), Полша (2000), Шотландия (2001), Индонезия (2001), Туркия (2007) марбут ба проблемаи умдатарини гастроэнтерологӣ ширкат варзида, маърӯзаҳо кардааст.
Махсусан Конгреси умумиҷаҳоние, ки соли 1998 дар Австрия барпо гардид, барои Ғиёсиддин Қутбиддинович хотирмон гардид.
Дар он конгрес аз тамоми давлатҳои калонтарини ҷаҳон 2600 нафар олимону мутахассисони соҳа ширкат варзиданд. Дар ҳайати вакилони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Академик Ҳ. Ҳ. Мансуров ва узви вобастаи АИ ҷумҳурии Тоҷикистон Ғ. Қ. Мироҷов ҳам буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё