Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

шӯъбаҳо ва лабораторияҳои институт бо таҷҳизоти нодири тадқиқотию муолиҷавии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд.

Алҳол имрӯзҳо дар институт 200 нафар олимону мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолияти илмию табобатӣ доранд.

Дар байни онҳо 2 академик, 9 доктор, 22 номзади илм кор мекунанд. Шакли корбарии бемористони институт қисман ба ҳисоби хоҷагӣ буда, дар як вақт барои 100 нафар касал хизмати тиббӣ расонида мешавад. Акнун дар институт барои гузаронидани симпозиумҳо, конференсияю семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмии ҷумҳуриявию хориҷӣ шароитҳо фароҳаманд.

Агар дар институт дар ҳалли ягон проблемаи илмӣ мушкилие ба миён ояд, дарҳол роҳбарияти ин боргоҳи илму дониш бо роҳбарии академикҳо Ҳ. Ҳ. Мансуров ва Ғ. Қ. Мироҷов бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа ин масъала бо тезӣ ҳалли худро меёбад.

Декабри соли 2007, тибқи нақшаи корие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, дар Институти гастроэнтерология бо иштироки олимони гастроэнтерологияи ҷумҳурӣ ва мутахассисони машҳури собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ: Новосибирск, Москва, Киев, Санкт-Петербург, Ӯзбекистон, Қирғизистон конференсияи илмию амалӣ доир гардид.

Дар ин конференсия тозатарин кашфиётҳо ва умдатарин масъалаҳои илмӣ доир ба гастроэнтерология мавриди баҳсу таҳлили мутахассисон қарор гирифт.

Олимону мутахассисон дар ин форум асосан се масъалаи асосиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Проблемаи аввал ин бемориҳои вирусии (вируси B, C, D) ҷигар аст.

Академик Ғиёсиддин Мироҷов дар ҳар баромаду сӯҳбатҳояш такрор ба такрор таъкид менамояд, ки гепатитҳои B, C, D барои саломатии инсон аз касалии СПИД ҳам хавфноктар мебошанд. Аз ин вирусҳо хусусан вируси гепатити C барои инсон хавфнок аст. Беҳуда нест, ки олимон вируси гепатити «C»-ро марги меҳрубонона номидаанд. Зеро ин вирус ҷигари касро аз кор мемононаду одам ғофил мемонад.

Масъалаи дигараш ин синдроми метаболикӣ — вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организм, фарбеҳӣ, зиёдшавии қанд, зиёдшавии чарб дар ҷигар ва фишорбаландӣ.

пешина
аз 173
навбатӣ