Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Абулхайр Усмонов аввал мусахҳеҳи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (имрӯза «Ҷумҳурият»), баъд муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Сталинобод шуда кор кард. Ӯ, ки писархондаш Ғоибро ҳамеша ҳамроҳаш гирифта мегашт, ба кори мусахҳеҳӣ ва баъд ба касби рӯзноманигорӣ ҷалб менамуд. Ғоиб, ки ниҳоят зеҳни тез дошт, ин касбҳоро ба тезӣ аз худ кард. Сипас Абулхайр Усмоновро муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Болшевики Қӯрғонтеппа» таъин карданд. Вай Ғоибро низ ҳамроҳаш ба он ҷо бурд. Ғоиб аввал дар рӯзнома ва баъд дар шӯъбаи варзиши шаҳрӣ адои вазифа кард.
Соли 1942 Абулхайр Усмоновро ба ҳимояи Ватан, ба ҷанг фиристоданд. Сину соли писархонди онҳо Ғоиб ҳам ба 17 расида буд. Вай бо азми худ ба номи комиссариати ҳарбӣ ариза навишта, хоҳиш кард, ки ӯро ҳам ба ҳимояи Ватан фиристанд. Ҳамин тавр Ғоиб Қаландаров ҳам ба ҳимоя аз паи падархондаш ба фронт рафт.
Масъуда – бону, ки танҳо монда буд, пеши модараш ба Самарқанд кӯчида рафт. Воқеан, мувофиқи нияти покаш, паи қадами писархондаш ҳам нек баромад. Нахустфарзандашон дар Самарқанд ба дунё омад. Падару акахондаш, ки дар фронт буданд, номи духтарашро Музаффара гуфтанд. Аммо умри кӯдак то рӯзи ғалаба напоид, баъди андаке муддат кӯдак аз олам даргузашт. Масъудабону мисли ҳазорҳо занҳо-модарон номаҳои шавҳару фарзандашро бесаброна интизорӣ мекашид. Ҳар замон аз Худо илтиҷо мекард, ки рафту аз ягонтои онҳо хати сиёҳ наояд. Як рӯз Масъуда аз писархондаш Ғоиб як номае гирифт, ки аз хати сиёҳ ҳам сиёҳтар буд. Ӯ дар мактубаш аз ҷумла чунин навишта буд: «Апаҷони азиз, мо бо акам (ӯ модархондашро «Апа» ва падархондашро «Ака» мегуфт) тасодуфан дар ҷанг якдигарро ёфта вохӯрдем. Рӯзе дар майдони ҷанг фурсат даст доду хостем, ки бо ҳам каме сӯҳбат кунем, ҳамин вақт нохост дар наздамон як бомбаи душман афтида таркид, хоку ҷанг ба осмон хест, дунё торикистон шуд. Мо ҳарду беҳуш шудем, баъди чанд рӯз ба худ омада дидем, ки ману акаҷонам дар госпиталем ва ҳардуямон аз дасту пойҳоямон ҷудо шуда, мисли ду гӯла шуда мондаем. Хайр насибу тақдирамон ҳамин будааст. Чӣ кор кунем? «Замин сахту осмон баланд» - гуфтаанд. Духтурҳо мегӯянд, ки агар хешутабор дошта бошед, ба онҳо нависед, ба шарте, ки қабул

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё