Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан
  • Гап байни ҳардуямон монад, раиси Кумитаи телевизион ва радио А.Ҳоҷибоевро иваз кардан лозим, чунки сатҳи барномаҳои телевизион ва радио хеле паст рафтааст. Ин дастгоҳи муқтадир аст, онро боло бардоштан лозим. Як фикр кунед, номзад ёфта, хулосаатонро омада, ба ман гӯед. Шахсе бошад, ки ин соҳаро боло бардошта тавонад, гуфт дар хотима Ҷ. Расулов.

Ман чанд нафар номзадро пешниҳод кардам, маъқул нашуданд. Боз қариб як моҳи дигар шабу рӯз фикр кардам. Охир, як рӯз маро даъват карда, пурсид:

  • Супориши ман чӣ шуд?!

Ман ки аллакай тайёр шуда будам, бе ҳеҷ дудилагӣ ба ӯ гуфтам: - Ба ақидаи ман ягона шахсе, ки ин вазифаро ба хубӣ уҳда карда метавонад, Қаландаров Ғоиб Назарович мебошад. Дидам, ки чеҳраи Ҷаббор Расулов шукуфт ва бо табассум афзуд:-

  • Оҳ, ана ёфтед. Ғоиб Назарович роҳбари поктинат, боҳирад, босавод, принсипнок ва кордону ташкилотчӣ аст. Ӯро даъват кунед ва ҳардуятон ба назди ман дароед, - гуфт ӯ.

Баъди нимаи рӯз ману Ғоиб Назарович назди Ҷ. Расулович даромадем, гуфт, Искандар Қаландаров. Ӯ аз боби проблемаҳои ҷумҳурӣ бо мо суҳбати тӯлонӣ карду дар анҷом гуфт:- Ғоиб Назарович, ман дар симои Шумо як роҳбари болаёқату кордонро мебинам, вазифаи ниҳоят масъулиятноку боифтихорро бар дӯшатон гузоштаниам. Ин хоҳиши танҳо ман не, ин супориши Кумитаи Марказӣ аст, фақат Шумо метавонед, онро сарбаландона ба ҷо биёред. Раисии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба зиммаи Шумо гузоштанием, чӣ мегӯед?!

Қаландаров Ғ.Н. яку якбора чӣ гуфтанашро надониста, ҳарчанд «Ман бо ин соҳа чандон шинос нестам, аз уҳдааш баромада наметавонам» мегуфт, гапаш нагузашт. Ҷаббор Расулович ӯро бо далелҳо бовар кунонид, ки вай ба ин вазифа қодир аст ва аз уҳдааш мебарояд.

Қаландаров Ғ.Н. ба Москва рафта, аз сӯҳбати КМ КПСС гузашта омад ва 13-уми январи соли 1977 ӯро Бюрои КМ тасдиқ кард ва худи ҳамон рӯз дар бораи раиси Кумитаи телевизион ва радиои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудани ӯ фармон баромад.

пешина
аз 173
навбатӣ