Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Модар, акаю додар ва хоҳару бародар нисбати якдигар меҳру муҳаббати поку самидӣ доранд.
Ин робиtai неки инсонӣ то кунун байни Ғоиб Қаландаров, Гулсара Қобилова ва фарзандони Абулхайр Усмонов идома дорад...
Фаъолияти минбаъдаи меҳнатии Ғоиб Қаландаров ходими адабии рӯзномаи «Болшевики Кӯргонтеппа», соли 1946 мудири шӯъбаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», муҳаррири масъули рӯзномаи ноҳияи Ленин, мудири шӯъбаи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» аз соли 1948 чор сол мухбири махсуси рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» (Ҷумҳурият) дар вилояти Кӯлоб, се сол дар мактаби Олии ҳизбӣ дар шаҳри Москва сурат гирифта, баъд мудири шӯъбаи саноати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» шуда кор кардааст.
Ғоиб Назарович соли 1958 нахустин сармуҳаррири рӯзномаи «Сталинобод» (ҳозира «Вечерний Душанбе») таъин гардида, баъд котиби дуюми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе интихоб шуда, сипас аз соли 1959 мухбири махсуси рӯзномаи «Правда» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ яке аз хабарнигорони сермаҳсултарин маҳсуб меёфт. Тӯли ин солҳо вай аз фаъолияти коргарон, деҳқонон, олимон, адибон, дастовардҳои мардум, дӯстию рафоқати мардуми Тоҷикистон дар саҳифаҳои рӯзномаи «Правда» ба оламиён нақл мекард.
Дар соҳаи телевизион ва радиои Тоҷикистон низ хизмати Ғоиб Қаландаров калонанд.
— Ту, таърихи раиси Кумитаи телевизион ва радиои Шӯрои Вазирони Тоҷикистон таъин шудани Ғоиб Қаландаровро медонӣ? — пурсид боре аз ман собиқ мудири шӯъбаи таблиғотии ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Искандар Қаландаров.
— Не, гуфтам ман.
-Охирҳои моҳи ноябри соли 1976 буд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақшаи солонаи пахтасупориро иҷро кард. Кумитаи давлатии телевизион ва радио бахшида ба ин ғалабаи меҳнатии Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон барномаи табрикие таҳия ва пахш намуд, ки он на ба Шароф Рашидов писанд омаду на ба Ҷаббор Расулов. Як рӯз Ҷаббор Расулов маро ба наздаш хонда, - гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё