Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
ташкилотчии ӯҳдабаро аст. Кош аз чунин роҳбарҳо дар Осиёи Миёна ва ҳатто дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ зиёдтар медоштем. Бо чунин роҳбар, мисли Қаландаров Ғ.Н. кор кардан ифтихор аст, гуфт Лапин С.Г.
Баъди ба Москва баргаштан Лапин С.Г. фармон дод, ки ҳама роҳбарони телевизион ва радиоҳои Осиёи Миёна рафта таҷрибаи телевизиони Тоҷикистонро биомӯзанд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Гурӯҳҳои эҷодии телевизионҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон омада бо коллективҳои эҷодии телевизиони Тоҷикистон аз наздик ҳамсуҳбат шуда, таҷриба омӯхтанд. Ин барои мо ифтихор буд. Барои ҳамин кордонию ташаббускориаш Ғоиб Назаровичро Ҷаббор Расулов нағз медид ва ҳурмату эҳтиромаш мекард. Боре барои ҳалли ким кадом як масъала, ба Кумита назди Қаландаров Ғ. Н. рафтам. Дари идораашро нимрог кардам, ки бо телефони ҳукуматӣ гап мезад. Одатан ҳини бо телефон гап заданаш ба наздаш касе намедаромад, вале ӯ маро дидан замон ишора кард, ки дароям. Даромадам. Ӯ бо Ҷаббор Расулов гап мезад.
-
Вақтҳои охир, - гуфт Ғоиб Назарович ба ӯ, - Кумитаи телевизион ва радиоро аз боло чандон дастгирӣ намекунанд.
-
Ин даъвоятон бебунёд аст, Ғоиб Назарович, овози Ҷаббор Расулович шунида мешуд. Ман ба Кумитаи Марказӣ, Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон супориш додаам, ки кадом ҳуҷҷате, ки бо имзои Қаландаров Ғ.Н. ояд, ҳамаи дарҳоро ба рӯяш боз кунед. Ғоиб Назарович аз ҷавоби Ҷаббор Расулов хушнуд шуд ва ба ӯ изҳори миннатдорӣ кард: - Ташаккур, Ҷаббор Расулович, ман ин ғамхории Шуморо ҳис мекунам!
Ғоиб Назарович ҳамчун роҳбар, ҷӯяндаву навовар буд ва дили пок дошт. Дар Тошканд донишкадае барои такмили ихтисоси кормандони телевизион ва радиои Осиёи Миёна солҳои тӯлонӣ фаъолият мекард.
Ғоиб Назарович фаъолияти сусти ин донишгоҳро ҳамаҷониба таҳлил карда ба роҳбарияти Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод кард, ки минбаъд кормандони телевизион ва радиои Осиёи Миёна барои такмили тахассус ба Москва фиристода шаванд. Ин пешниҳоди Қаландаров Ғ.Н. аз тарафи дигар ҷумҳуриҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё