Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

ҷонибдорӣ ёфта, қабул гардид ва донишкадаи Тошканд баста шуд.

Дар солҳои роҳбарии ӯ даҳҳо кормандони болаёқати Кумита ба шаҳри Москва рафта, дар курсҳои якмоҳа, семоҳа, нимсола ва яксола таҳсил карда, таҷриба омӯхта, маҳорати касбияшонро такмил дода омаданд.

Шароити моддию маишии кормандон барои раис яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёфт. Вай ҳамеша таъкид мекард, ки барои корманд, аввал шароити мусоид фароҳам оварда, баъд корро талаб кунед.

Солҳои 1970-1980 Кумита аз нарасидани манзилгоҳ танқиқӣ мекашид ва рӯйхати бехонаҳо хеле дароз шуда рафт.
Ҳар сол барои Кумита 3 - 4 хона ҷудо карда шавад ҳам, нокифоя буд. Вай дар назди роҳбарони Ҳукумат масъала гузошт, ки Кумитаи давлатии телевизион ва радио як дастгоҳи абарқудрати таблиғотӣ ба ҳисоб меравад, маоши кормандони он калон нест. Хусусан кормандони ҷавон хонаю дари мувофиқ надоранд. Ҳамин масъалагузорӣ ва ҷаҳду талоши ӯ буд, ки соли 1981 дар маҳаллаи 33, кӯчаи Маяковский 30 хона, дар маҳаллаи Зарафшон 6 ҳуҷра ва дар маҳаллаҳои дигари шаҳр боз 16 хона, ҷамъ 52 оилаҳои кормандони Кумита соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд ва масъалаи танқисии манзилгоҳ дар Кумита, аз байн бардошта шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар давраи ҳамаи роҳбарони гузашта, кормандон аз ҷониби ягон раис ин қадар ғамхориву беҳбудӣ надидаанд.

Шоире фаъолияти Ғоиб Қаландаровро чунин ба қалам додааст:
Ғоиб чу Қаландарест сарсони хаёл, Ҷӯёни саодати асилу беғаш.
Гарчи ба ҷамолу ба камол омадааст, Пурмеваю пурсоя бубинӣ богаш.

Услуби корбарии ҳар роҳбар ҳар хел мешавад. Аз ҳама муҳимаш обрӯ ва эътибори роҳбар дар он аст, ки ӯ нозукиҳои касби худро бо тамоми ҷузъиёташ донад, дар байни коллектив соҳиби иззату эҳтиром бошад. Ҳамон вақт кор самараи дилхоҳ меоварад.

Дар давраи роҳбарии Ғоиб Назарович дар Кумита
ансамблҳои «Шашмақом», «Дарё», эстрадаи «Гулшан»,
«Асбобҳои халқӣ», ансамблҳои рақсии «Зебо» ва бачагона,

пешина
аз 173
навбатӣ