Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
15 сол вакили халқ дар Шӯрои Олӣ, аъзои Кумитаи Марказии ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои Кумитаи назорати халқӣ ва раиси фахрии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон буд. Подоши хизмат ва ҷаҳду талошҳояш бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» - и дараҷаи II, «Ситораи Сурх», «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони фахрӣ», медалнои «Барои гирифтани Кёнегзберг», «Барои Ғалаба бар Германия», «20 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «50 - солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР», «Барои меҳнати шуҷоатнок», се Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва бо унвони фахрии «Корманди Шоистаи Тоҷикистон», «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон»
кадр карда шудааст.
Чаро Ғоиб Қаландаров тарки Ватан кард?! Аҳли оилаи бародараш Аҳмад Одинаев дар совхози боғутокпарварии ноҳияи Бохтари собиқ вилояти Қӯрғонтеппа солҳои тӯлонист, ки зиндагӣ мекунанд. Писари калонии Аҳмад - Акобир солҳои дароз вазифаи мухбири телевизиони Тоҷикистонро дар ин вилоят ба ӯҳда дошт. Ӯ рӯзноманигори болаёқат, кордон ва ташкилотчӣ буд. Вайро дар вилоят ҳама мешинохт, иззату эҳтиром мекарданд. Акобир дар ин минтақа ёру дӯстони зиёде пайдо карда буд, ки имрӯз аксари онҳо роҳбарони кордон ва шахсиятҳои маъруфу машҳури ҷумҳурӣ мебошанд. Дар кашмакашию задухӯрдҳои бемаънии дохилӣ Акобир чанд муддате бедарак шуд. Баъд маълум гардид, ки ӯ ба ҳимояи ҳукумати қонунӣ ба даст яроқ гирифта ба минтақаи Кӯлоб рафтааст. Алангаи ҷанг хомӯш шуд, Ҳукумати конститусионӣ ба сари қудрат омад. Акобирро ба вазифаи раиси Шӯрои деҳоти посёлкаи Калининобод таъин намуданд. Баъдтар сарвари Кумитаи кор бо ҷавонон ва сипас вазифаи муовинии аввали раиси Ҳукумати вилояти Қӯрғонтеппаро ба зимааш гузоштанд. Вай худро роҳбари болаёқат, кордон, хушмуомила, дилёб собит кард, ки аз ояндаи дурахшонаш башорат медод.
Баъди фавти падараш Аҳмад, ӯ ҳамеша такя бо маслиҳати
пурмаънои амакаш Ғоиб Қаландаров амал мекард. Ғоиб
Назарович ба нафақа баромада буд ва дар симои Акобир
такягоҳи ояндаи худро медид. Лекин сад афсӯс, ки душманони
миллат, ин ҷавонмарди ояндадори тоҷик Акобир Одинаевро бе
гуноҳ ваҳшиёна ба қатл расониданд. Марги ногаҳонии Акобир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё