Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
духтарони дуторнавоз фаъолият мекарданд ва қисми зиёди ин дастаҳои ҳунарӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи худи раиси Кумита ташкил шуда буданд.
Дар ҳайати ин ансамблҳо гулҳои санъат, ҳунармандони номдори Ҷумҳурӣ Нукра Раҳматова, Зебо Аминзода, Мастона Эргашева, Карим Қосимов, Нигина Рауфова, Барно Исҳоқова, Муқаддас Набиева, Ҷамшед Исмоилов, Кароматулло Қурбонов, Хурмо Ширинова, Лола Азизова, Муҳаррама Шарифова, Баҳодур Неъматов, Орифшо Орифов, Маҳфират Ҳамроқулова, Лола Баракаева ва чанде дигарон бо таблиғу ташвиқи санъати касбию халқии тоҷик машғул буданд.
Ғоиб Назарович дар рушду нумуи матбуот, телевизион ва радиои Тоҷикистон, тарбияи журналистони ҷавон саҳми барҷаста дорад.
Яке аз сиёсатмадорони нозукфаҳм, ходими намоёни сиёсию ҷамъиятӣ мебошад. Худаш ҳам сиёсат дошт. На ҳар кас аз Кумитаи Марказӣ гурдаи ба Ғоиб Назарович занг задану ба ӯ супориш доданро дошт. Ёд дорам мудири шӯъбаи кишоварзӣ ба ман занг зада супориш дод, ки имрӯз дар шаҳри Турсунзода семинари кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ доир мегардад, онро ба навор гирифта, дар барномаи Ахбор намоиш додан лозим. Ман ба он кас гуфтам, ки Қаландаров дар идораи кориашон нишастааст, ба он кас занг зада гӯед, чунки ман бе розигии раис ин хоҳиши шуморо ба ҷо оварда наметавонам. Мудир сад баҳона оварду ба Ғоиб Назарович занг назад, медонист, ки гапаш намегузарад ва дар охир ба сари мана сиёсат карда Шумо муовини он касед, ман иҷрои ин супоришро аз Шумо талаб мекунам...
Баъд аз он ки ин воқеаро ба Ғоиб Қаландаров нақл кардам, гуфт, ки хуб кардӣ, дар назди Кумитаи Марказӣ ман ҷавоб мегӯям, гапаш бошад бо ман муроҷиат намояд. Дар Кумитаи Марказӣ бештар аз 20 шӯъба аст. Ҳамаи онҳо ба мо супориш додан гиранд, мо сару калобаамонро гум мекунем. Бинобар ин ман дар назди Кумитаи Марказӣ масъала гузоштам, ки тамоми супоришу дархостҳои шӯъбаҳои Кумитаи Марказӣ ба воситаи шӯъбаи идеологӣ — пропаганда ва агитатсия қабул карда мешавад, ана дар он сурат кор осон мешавад. Ин пешниҳод кайҳо қабул шудагӣ, лекин вай мудири шӯъба худаш аз ин бехабар будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё