Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Боре модарам ба ман як пора қанди сафед дод, ду - се маротиба онро лесидам, гӯё аз лесидани он як ҷаҳон ҳаловат бурдам. Баъд тез ба кӯча баромада, онро ба бачаҳои деҳаамон намоишкорона нишон додам. Бачаҳои бисёре дар атрофам ҳалқавор гирд шуданд. Бачаи ҳамсоя Ислом ба ман наздик шуда, ҳар замон оби даҳонашро фурӯ бурда, мегуфт: - Шодӣ, ман ҷӯраи ҷонии ту мешавам, мон, ки қандатро ду бор лесам.

Ман аз як гӯшаи қанд бо дастам маҳкам дошта, онро ба назди даҳони Ислом бурдам ва ӯ ду маротиба онро лесида, гӯё бори аввал қандро дидаю лесида бошад, ҳаловат бурд. Дигар бачаҳо ин ҳолатро дида, ба гирдам зичтар шуданд ва бо илтиҷо мегуфтанд: «Ба мо ақаллан як борӣ иҷозат деҳ, қандашро лесем, ҳамаамон ҷӯраҳои ту мешавем. Ман онҳоро мисле, ки дар хизмати ҳарбӣ бошанд, қатор саф оростам. Ба онҳо гуфтам, ки ҳамаатон забонҳоятонро берун бароред ва худам пораи қандро бо дастам сахт медоштам, то ҳини лесидан яке аз онҳо мабоду қандро газида нахӯрад. Баъд ба ҳар кадоми онҳо як борӣ мелесонидаму боқимондаи қандро ба коғазпорае печонида, ба ҷайби ҷомаам ҷой кардам. Бачаҳо аз ин ҳотамгарии ман ниҳоят хурсанд шуданд. Ҳар боре, ки гуруснагӣ ба ёдам ояд, барои шикасти иштиҳо ҳамон пораи қандро бароварда, се маротиба мелесидам ва гӯё шакароб хӯрда бошам, нафсам ором ва таъбам болида мегашт...

Дар мактаби деҳаи Мурутако мехонд. Рӯзе омӯзгорони мактаб дар даву тоз шуда, ба талабаҳо гуфтанд, ки тез дар синфҳоятон даромада, ором шинед, аз ноҳия комиссия меояд. Талабаҳо ҳама вориди синф шуданд, баъди чанд лаҳзае муаллим Бек Одинаев ҳамроҳи намояндаи ноҳия ба синф даромад.

  • Бачаҳо, ин кас мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Шарифи Азиз - гуфта муаллим намояндаро ба мо муаррифӣ кард. Шарифи Азиз рафта дар як партаи холии қафо нишаст. Ҳама хомӯшу ором буданд. Ин оромиро Бек Одинаев бурида:

  • Шодӣ, ба назди тахта баро, - ногаҳ амр кард муаллим.

Баробари шунидани ин нидо Шодӣ як қад парида, вуҷудашро ҳаяҷон фаро гирифт ва ба пеш баромад. Муаллим як ҷумлаи дарози мураккабро дикта кард ва Шодӣ онро дар тахтаи синф навишт. Баъд муаллим фармуд, ки ҷумларо хонда, ба таги мубтадою хабари он хат кашад ва исмҳои хосу

пешина
аз 173
навбатӣ