Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
ҷинсашро нишон диҳад. Шодӣ ба ҳамаи саволҳои Бек Одинаев посухи пурра дод. Мудири шӯъбаи маориф аз ҷавобҳои Шодӣ хурсанд шуда, чизе напурсид. Муаллим баъди ӯ Садод Маликов, ки хонандаи аълочӣ буд ва ҳусни хати хуб ҳам дошт, ба назди тахта даъват кард. Садод ҳам ба ҳамаи саволҳои муаллим ҷавоби табъи дил дод. Гӯё Шодӣ Саидов, Садод Маликов аз як имтиҳони ҷиддӣ гузашта бошанд, худро ниҳоят хурсанд эҳсос мекарданд. Меҳмон номҳои ҳарду писаракро ба дафтарчааш навишта, гуфт, ки моҳи август ба ноҳия назди ӯ биёянд. Вай бо директори омӯзишгоҳи педагогӣ гапзанон карда, онҳоро ба ин омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ғарм дохил мекунад. Шодӣ ба хона омада, гуфтаҳои Шарифи Азизро ба модараш ҳикоят кард. Модараш якбора дар ғазаб шуда: - Чӣ, ту маро партофта хондан меравӣ? Додарҳоят майда, онҳоро кӣ нигоҳубин мекунад? – гуфту дидаҳои пурнамашро пок кард.
- Охир раҳматии падарам васият карда буданд, ки хону одам шав, - гуфт Шодӣ ва модарашро ором кардани шуд.
- Агар васияти падаратро ба ҷо меоварда бошӣ, майлаш рав, - гуфт модараш.
Садод ҳам омад, гуфт ки падару модараш барои ба омӯзишгоҳ рафтанаш розӣ нестанд. - Чӣ бояд кард?- меандешиданд ҳарду.
- Биё, шабона мегурезем, - гуфт Шодӣ бо Садоди ҷӯрааш ва шабона баъди хуфтани аҳли оила ба роҳ баромаданд. Пайраҳа борик ва шаб торик буд, ҳарду то дами субҳ қадам заданд. Ҳамон пайраҳаи борику шаби торик Шодӣ Саидовро ба шоҳроҳи фароҳи зиндагӣ ва ояндаи дурахшон ҳидоят кард.
Ӯ ва ҷӯрааш Садод донишҷӯи омӯзишгоҳи педагогӣ шуданд. Ин воқеа соли 1937 буд. Баъди як ҳафта Шодию Садод аҳли хонадаашонро хабаргирӣ омаданд. Дар тани Шодӣ сару либоси наву озода буд. Ӯ барои модараш як собуни ироқӣ ва барои додаронаш каме қанди сафед тӯҳфа овард. Модараш ӯро дида ниҳоят хурсанд шуд. Ҷӯрааш Садод бошад дигар ба омӯзишгоҳ барнагашт, тарки хондан кард. Ҳамин тавр Шодӣ дар омӯзишгоҳ мехонд ва пайваста аз ҳаёти мардуми деҳаашон Мурутакою Дуоба тез - тез дар рӯзномаи ноҳиявии «Болшевики Ғарм» хабару мақолаҳо ҳам менавишт.
Боре дар клуби ноҳия бахшида ба Рӯзи матбуот маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар ҳамин ҷамъомад сармуҳаррири

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё