Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

рӯзномаи «Болшевики Ғарм» Ҳаким Наби ба Шодӣ Саидов чун мухбири фаъол китоби «Девони ашъори Лоҳутӣ»-ро туҳфа карда, изҳор дошт, ки «Ту Шодӣ ояндаат дурахшон аст, агар кӯшиш кунӣ, рӯзноманигори хуб мешавӣ...».

Баъди хатми омӯзишгоҳи педагогӣ Шодӣ Саидов дар мактаб ба ҳайси омӯзгор ва сониян дар газети «Болшевики Ғарм» рӯзноманигор шуда фаъолият намуд. Соли 1942 ба ҷанг

  • ба ҳимояи хоки Ватан рафт. Дар шаҳри Ногинскии вилояти Маскав хизмат кард. Борҳо дар набардҳо мардонагию шуҷоатмандӣ нишон дода, се маротиба сахт ярадор ҳам шуд.

Боре Шодӣ Саидовро аз госпитал ҷавоб доданд, ӯ ба ҷои хизматаш баргашт. Ба вай гуфтанд, ки ба ошхона рав, бо ҳамшаҳриат ёрдамчӣ шуда кор кун. Ошпаз ҳам тоҷик буд. Як саҳарӣ ошпаз ҳамроҳи Шодӣ Саидов барои наҳории аскарҳо шавла мепазанд ва ошпаз мебинад, ки то омадани сарбозҳо боз 45 дақиқа вақт ҳаст, ӯ ба ёрдамчиаш мегӯяд: - Шодӣ, ман рафта ним соат хоб меравам, ту деги хӯрокро нигоҳ карда ист. Баъди рафтани ошпаз Шодӣ мебинад, ки дар як дегчаи майдатар картошкабирён аст. Ду-се дона картошкаро гирифта мечашад, ки аҷаб бомазта. Даҳонаш, ки мазза дод дигар бе исту бист ҳамаи картошкабирёнро пок-покиза хӯрд. Ҳамин дам ошпаз омад, аз кафои он генерал ҳам пайдо шуд. Ошпаз саросема дар чустуҷӯи дегча шуда, чун дид, ки он холӣ.

  • Шодӣ, дар ин дегча картошкабирён буд, куҷо шуд? - пурсид ошпаз аз Шодӣ.

  • Ман онро хӯрдам, - ҷавоб дод Шодӣ.

  • Худо гирад нафси бадата, акнун худат рафта ба генерал ҷавобаша деҳ, - гуфт ошпаз. Он хӯроки пагоҳирӯзии генерал буд.

  • Ба генерал гӯй, ки грипи Новозеленски дар меъдаи афсар Шодӣ Саидов асар кардааст, аз ҳамин лиҳоз ӯ бояд тез-тез картошкабирён хӯрад.

Баъд аз он ки Шодӣ Саидов аз ҷанг ба Ватан баргашт, ӯ ба ҳайси мухбири махсуси рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ»
(ҳозира «Ҷумҳурият») дар водии Қаротегин кор кард. Соли 1953 Шодӣ Саидовро барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбӣ ба шаҳри Маскав мефиристанд. Вай имтиҳонҳои дохилшавиро бомуваффақият супурд, лекин ҳангоми комиссияи мандатӣ ба хулосаи комиссияи тиббӣ шинос шуд, Шодӣ Саидовро ба

пешина
аз 173
навбатӣ