Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан
  • Як чӯбаки гӯгирд деҳ, ки дандонама кобам, - гуфт Шодӣ Саидов.

  • Назаров асабӣ шуда, чизе нагуӯфту ба утоқи кориаш баргашт. Пагоҳ дар ҳузури сармуҳаррир Аминҷон Шукуҳӣ маҷлиси редаксия (летучка) доир гардид. Баъди баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ сармуҳаррир аз ҳозирон пурсид: - Боз кӣ чӣ хел эрод ва таклифу пешниҳодҳо дорад? Ҳамин вақт Назаров даст боло карда, гуфт: ин редаксия аст, ё ҷои масхарабозӣ?

  • Чӣ гап шудааст? - пурсид сармуҳаррир.

  • Дирӯз котиби нав Шодӣ Саидов тугмачаашро пахш кард, ман ягон супориши таъҷилӣ дорад гуфта наздаш равам, мегӯяд, ки як чӯбаки гӯгирд деҳ, ки дандонамро кобам... Ин чӣ гуна роҳбарист?!

Сармуҳаррир ҳанӯз чизе нагуӯфта худи Шодӣ Саидов аз ҷой хеста, ҳозирҷавобона гуфт: - Не, не, ту маро нафаҳмидӣ, вай боқимондаҳои Расул Болтаев буд, пахш кардам, ки тамом шаванд, дигар ин кор такрор намешавад...

Ҳама хандида, аз паи иҷрои кори хеш шуданд. Баъди чанд вақт сармуҳаррири рӯзнома иваз шуд. Ба ҷои Аминҷон Ҳоҷибоев ба ин вазифа Ашӯр Ҳалимов таъин гардид. Ӯ ба ҳайси яке аз муовинонаш Шодӣ Саидовро интихоб кард. Дар ҷумҳурӣ тайёрӣ ба гузаронидани маҷлиси фаъолону пешқадамони соҳаи кишоварзӣ мерафт. Дар он котиби аввали Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов бояд маърӯза мекард. Вай Ашӯр Ҳалимовро ба наздаш хонда, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барои ӯ як маърӯзае нависад, ки дар он фаъолияти хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ҳамаҷониба таҳлил шуда бошад. Ашӯр Ҳалимов ин супоришро ба зиммаи муовинаш Шодӣ Саидов вогузор намуд. Вай барои иҷрои ин хоҳиш бо тамоми масъулият ба навиштан шурӯъ кард. Баъди маҷлиси ҷумҳуриявӣ Ҷаббор Расулов аз Ашӯр Ҳалимов мепурсид, ки маърӯзаро барои ман кӣ навишта буд?

  • Шодӣ Саидов, - мегӯяд Ашӯр Ҳалимов дар ҷавоб.

  • Гӯед, пагоҳ ба назди ман дарояд, - хоҳиш мекунад Ҷаббор Расулов.

Шодӣ Саидов мушавашшавхотир шуд, - дар куҷое ба саҳву хатоӣ роҳ дода бошам? Ё маърӯза ба Ҷаббор Расулов маъқул нашуда бошад, магар? Хуллас сад фикру хаёл дар сари ӯ давр

пешина
аз 173
навбатӣ