Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мезад. ...Шодӣ Саидов вориди утоқи кориИ Ҷаббор Расулов шуд ва бо тезӣ ҳис кард, ки котиби якум аз кори ӯ қаноатманд аст. Ҷаббор Расулович, дасти Шодӣ Саидовро бо самимият фишурду ба ӯ барои навиштани маърузаи пурмазмуну самимиаш изҳори миннатдорӣ карду афзуд:

  • Шодӣ Саидовӣ, агар розӣ шавед, аз ҳафтаи оянда мо Шуморо ба Кумитаи Марказӣ ба вазифаи ҷонишини мудири шӯъба мегузаронем, чӣ гуфтед?
  • Ман солдати партияам, Ҷаббор Расулович, ба куҷое, ки Шумо лоиқ донед, тайёрам. Ҳатто ба курорт ҳам фиристонед, меравам. Ҷаббор Расулович, ки аз зарофатгӯй ва шӯхтӯъбаи Шодӣ Саидов бохабар буд, хандиду «Қанд занед», - гуфт.
    Дар Кумитаи Марказӣ баъди чанд моҳи кориаш ба ӯ як роҳхат доданд, ки рафта дар санаторияи Сочи табобату истироҳат кунад. Дар замони Шӯравӣ пеш аз он ки ба ягон курорт равед, аз муоинаи табибон гузашта, сонӣ аз табиби минтақавиатон доир ба вазъи саломатиат маълумотномаеро мегирифтед.
  • Барои чунин ҳуҷҷатро гирифтан Шодӣ Саидов назди табиб меравад.
  • Марҳамат, Шодӣ Саидович, канӣ нақл кунед, дар ҷавониатон мубталои кадом бемориҳо шудаед?
  • Сиюпанҷ сол пеш як рӯз паи ҳам се маротиба чӣ дарде шикамамро сахт тоб доду боз монд. То ҳол табибон сабаби он бемориро муайян накардаанд.
  • Шодӣ Саидович, бисёр дури бад рафтед, агар мумкин бошад, камтар аз наздиктар гиред, гуфт духтур.
  • Ба ҳамин наздикӣ, панҷ сол қабл боре се маротиба паи ҳам атса задам, ин ҳолат ҳам то кунун аз ҷониби табибон ташхис карда нашудааст.
    Баъд духтур ба таври ҷиддӣ гуфт: Шумо нисбати ин масъала беэътиноӣ карда истодаед. Дар маълумотномаатон менависам, ки «Переутомление».
  • Майлаш, - гуфт Шодӣ Саидович...
    Шодӣ Саидовичро ҳама дӯст медоштанд ва ҳурмату эҳтиром мекарданд, чунки дар кадом маҳфиле, ки ӯ мебуд, он ҷо ҳазлу мутоиба ва хандаю хушҳолӣ ҳукмрон буд. Чуноне халқ мегӯяд: «Пеши даҳони гарм дошт». Аз сӯҳбаташ кас як ҷаҳон ҳаловат мебурд. Вай соли 1968 сармуҳаррири рӯзномаи
пешина
аз 173
навбатӣ