Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
«Тоҷикистони Советӣ» таъин шуд 5 сол дар ин вазифа кор кард. Вақти раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон буданаш, рӯзе Ҷаббор Расулов ӯро ба наздаш хонда, аз вай хоҳиш мекунад, ки дар бораи раиси номдори колхози ба номи Жданови ноҳияи Қумсангир Қаҳрамони Меҳнати Сотсиalistӣ Абдурозиқ Раҳмонов очерке нависаду таҷрибаи хоҷагӣ ва методу усулҳои корбарии ӯро инъикос карда, дастраси дигар роҳбарони хоҷагиҳо гардонад. Шодӣ Саидов сафари хизматӣ, ба ноҳияи Қумсангир рафт ва ҳамаи соҳаҳои ин хоҷагӣ ва шахсияти Абдурозиқ Раҳмоновро ҳамаҷониба омӯхт ва бо ҳаммуаллифии Шодон Ҳаниф бо номи «Диловари Вахш» очерке (1972) навишт, ки он дар чанд шумораи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» чоп шуд.
Очерк ба Ҷаббор Расулович писанд омад ва ба нашриёти «Ирфон» супориш дод, ки онро дар шакли китоб бо теъдоди зиёд, бо забонҳои тоҷикию русӣ ба табъ расонанд. Директори нашриёти «Ирфон» Собирҷон Хоҷаев рӯзе Шодӣ Саидовро дида гуфт:
- Ин китоби Шумо талабгораш кист, ки ҳамаи нақшаҳои нашриётро вайрон карда, ҳама ба тарҷума ва чопи он машғуланд?
Шодӣ Саидович, ки дар ҳаҷв ва ҳозирҷавобӣ устухон надошт, дарҳол чунин ҷавоб дод:
- Ҳоло инаш ба хайр аст, Шумо бехабаред, ки тоторҳои Қрим талаб кардаанд, ки ин китоб ба забони тоторӣ тарҷума ва чоп карда шавад...
Соли 1973 Шодӣ Саидов раиси Кумитаи давлатии оид ба кинематографияи Тоҷикистон таъин гардид ва вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ба зиммаи Ғоиб Қаландаров гузошта шуд. Ғоиб Назарович, ки солҳои тӯлонӣ мухбири махсуси рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон буд, аз сабаби фаромӯш кардани баъзе калимаҳои адабии забони тоҷикӣ, ки ба баъзе мушкилиҳо дучор меомад, яку якбора ба таҳрири маводҳои тоҷикӣ пардохт. Рӯзе аз шӯъбаи адабии редаксия ба Ғоиб Қаландаров як мақолаи калони баҳснокро доданд, ки хонда тақдирашро ҳал намояд. Ғоиб Қаландаров мақоларо хонда, ба зери баъзе калимаҳои номафҳум хат кашид ва ба Шодӣ Саидов занг мезанад, ки омада онҳоро барои ӯ шарҳ диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё