Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

зимистон аспу ароба дар миёни роҳ дармемонд, гирду атроф ҳама наистон, макони дарандагони даштӣ буданд.

Ғиёси Забир мардуми кӯҳистонро дар атрофи худ муттаҳид кард, ба таври ҳашар биноҳо сохт, роҳҳо, мактабҳо, касалхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонӣ бунёд кард, хуллас зиндагиро ба як маҷрои муътадили «одамзеб» даровард. Вай акнун ба чеҳраи ҳар як писараш менигаристу худ ба худ мегуфт: - Кадоме аз инҳо корҳои маро давом дода, номбардори падар мешуда бошад?

Ӯ шугл, кор ва рафтори ҳар як фарзандашро дар дилаш таҳлил мекард ва оянда соҳиби кадом касб шудани онҳоро муайян менамуд: - Ба хаёлам Киромиддин деҳқон мешавад, чунки бештар ба белу каланд шавқ дорад. Писари дуюм Қамар ба соҳаи савдо шуғл бастааст. Илёс шояд омӯзгор шавад, чунки ӯ орому ботамкин аст. Писари аз ҳама хурдӣ Бадриддин ба кори хоҷагӣ бештар майл дорад, лекин ҳоло кӣ мешавад, ба як хулосаи аниқ наомадам.

Вай ба чеҳраи писари сеюмаш Қадриддин дурудароз синча монд ва дар баҳри фикру хаёл ғӯта зад, чунки вай аз ҳар ҷиҳат аз бародаронаш тафовут дошт. Ӯ вақти зиёдашро ба мутолиаи китобҳои зироаткорӣ мегузаронид. Дар участкаи наздиҳавлигии онҳо қариб тамоми дарахтони мева дар бар буданд ва ҳамаи хелҳои зироати ҳам меқоштанд.

Ҳар гоҳе падараш ба тамошои зироатҳои ҳавлиаш барояд, Қадриддин ӯро ҳамроҳӣ мекард ва вайро саволборон менамуд.

-Аз як замин дар як сол чанд ҳосил гирифтан мумкин?!

-ЯК сӯтаи ҷуворимакка то чандтогӣ дона мебандад. Падар, ки таҷрибаи зиёди деҳқонӣ дошт ба саволҳои Қадриддин ботамкин посух медод. Баъзан дар ҷавоби саволҳои Қадриддин душворӣ ҳам мекашид. Ва боре ба Қадриддин таъкид кард:

-Писарам, барои он, ки ба ҳамаи ҳамин саволҳоят ҷавоби табъи дилро гирӣ, нағз хон, рав ба институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шавӣ, соҳиби маълумоти агрономӣ, ки шудӣ, ба ҳамаи ин саволҳоят худат ҷавоб меёбӣ.

Ин насиҳати падар дастури гаронбаҳое шуд барои ояндаи Қадриддин. Вай соли 1963 донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм карда, сараграноми совхози

пешина
аз 173
навбатӣ