Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ДАВЛАТИ
ҒАЗНАВИЁН

Давлати Ғазнавиён дар натиҷаи парокандашавии давлати Сомониён дар сарзамини Хуросон таъсис ёфта, солҳои 963-1186 фаъолият кардааст. Номи ин давлат аз исми шаҳри Ғазнин, ки пойтахти он буд, гирифта шудааст. Баъди вафоти амири Сомониён Абдулмалик (954-961) кашмакашҳои дарборӣ авҷ мегиранд ва Алптегин аз вазъият истифода намуда, дар Ғазнин давлати нимамустақили худро таъсис медиҳад, ки баъдан бо номи давлати Ғазнавиён машҳур мешавад. Амирони номдори сулолаи Ғазнавиён Сабуктегин (978-998), Маҳмуди Ғазнавӣ (998-1030), Масъуд (1030-1040) ва Мавдуд (1041-1048) мебошанд.

АЛПТЕГИН КӢ БУД?

Алптегин яке аз ғуломони турки дарбори Сомониён ва саромади сулолаи Ғазнавиён ба шумор меравад, ки дар аҳди Сомониён ба мартабаи сипаҳсолории лашкари Хуросон расидааст.
Ӯро аз бозори ғуломфурӯшӣ Аҳмад ибни Исмоил харида буд. Аз рӯи кордонӣ ва лаёқати лашкаркашӣ дар замони Нӯҳи I ба мартабаҳои давлатӣ расида, дар аҳди писари ӯ Абдулмалик сарварии посбонони дарбори Сомониёнро бар уҳда дошт. Тақрибан дар синни 35-солагӣ - соли 961 сипаҳсолори Хуросон шуда, ба шаҳри Нишопур рафт. Ҳангоми ба сари қудрат омадани Мансур ибни Нӯҳ (961-976) аз сипаҳсолории Хуросон сабукдӯш гашта, аз амири Бухоро рӯй тофт ва ҳамроҳи лашкараш роҳи Балхро пеш гирифт ва онро тасарруф кард. Сипас аз таъқиби лашкари Сомониён ба Ғазнин рафт ва аз ҷониби Мансур ибни Нӯҳ бахшида шуд. Алптегин дертар дар Ғазнин пойдевори давлати худро ниҳод, ки баъди маргаш соли 977 ба ҷойи ӯ домодаш - Сабуктегин нишаст.

пешина
аз 395
навбатӣ