Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
БИЛАНДГӮЗОРИ ВОҚЕИИ ДАВЛАТИ
ҒАЗНАВИЁН КИСТ?
Сабуктегин бунёдгузори воқеии давлати Ғазнавиён буда, солҳои 976–997 ҳукмронӣ кардааст. Ӯро дар хурдсолӣ ҳамроҳи сӣ нафар ғуломи турк аз бозори Нишопур Алптегин харидааст. Аз ғояти далерию зиракӣ Алптегин ӯро ба мартабаи баландтар бардошта, тарбия мекард. Сабуктегин дар синни 18-солагӣ 200 ғуломро сарварӣ намуда, нозукиҳои лашкардорӣ ва умури идоракуниро аз Алптегин меомӯхт. Сабуктегин соли 977 амири Ғазнавиён шуда, навбати аввал Кобулро то Пешовар ва сипас Панҷобу Синдро забт намуда, ҳудудҳои давлаташро дар қисмати шумолии Ҳиндустон вусъат бахшид. Сабуктегин соли 994 ҳукмрони Хуросон гардида, шаҳри Балхро пойтахт қарор дод. Ӯ бо амирони Сомонӣ сиёсати сулҳомезро пеш гирифта, борҳо бар зидди душманони онҳо бархест ва эҳтироми ворисони собиқашро ба ҷо овард. Амир Нӯҳи II Сабуктегинро бо лақаби «Носируддин» ва дертар писари ӯ Маҳмудро бо лақаби «Сайфуддавла» мушарраф гардонидааст.
МАҲМУДИ ҒАЗНАВИЙ
Маҳмуди Ғазнавиӣ писари Сабуктегин буда, аз духтари ҳокими Зобулистон ба дунё омадааст. Иддае аз муҳаққиқон бар он андешаанд, ки модари Маҳмуди Ғазнавиӣ тоҷик буда, худаш низ «дар авоили ҳол» аз хонадони Сомониён пуштибонӣ кардааст. Давлати ӯ соли 999 аз тарафи халифа ба расмият шинохта шуд ва аз ҷониби ӯ лақаби Яминуддавларо гирифт.
Маҳмуд тамоми ҳудуди Афғонистони кунуниро забт намуда, рӯди Омуро миёни Ғазнавиён ва Қарохониён сарҳад эълон кард. Ӯ байни солҳои 1002–1026 беш аз 15 маротиба ба сарзамини Ҳинд лашкар кашид, ки боиси харобии ин кишвари бостонӣ гардид. Ӯ соли 1011 ба Ғур лашкар кашида, қисматҳое аз ин вилояти бузургро ба худ тобеъ намуд.
Маҳмуд соли 1017 Хоразм ва соли 1024 Чағониёну Қубодиёнро забт намуда, соли 1029 то Рай рафта расид. Ҳудудҳои давлати Ғазнавиён ҳангоми кишваркушоиҳои Маҳмуд то Хоразму Чағониён, Форсу Ҳамадон ва Моварои рӯди Ганг вусъат ёфта буд. Маҳмуд соли 1030 дар синни 63-солагӣ аз дунё гузашт.
МАҲМУДИ ҒАЗНАВИ ХУДРО ВОРИСИ СОМОНИЁН МЕҲСОБИД?
Маҳмуд ҳамчун сарлашкари боистеъдоду тавоно ва қавиирода худро вориси Сомониён ҳисобида, ба сиёсати мутамарказонӣ ва умури давлатдории онҳо такя мекард. Коргузории идории Маҳмуди Ғазнавӣ бо забони форсии дарӣ сурат мегирифт ва ӯ ба ин фарҳанг арҷ мегузошт. Дар дарбори ӯ шоирону адибон ва олимони зиёде, аз ҷумла Берунӣ, Утбӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Байҳақӣ, Гардезӣ ва дигарон гирд омада, бо асарҳои худ дар таърихи тамаддуни тоҷикон ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Вале як муносибати норавояш бо Фирдавсӣ, ки ба воситаи муғризон сурат гирифта буд, номи ӯро дар таърих бад кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё