Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

ҲОДИСАИ МУҒУЛ

Ҳуҷуми муғул бо сарварии Чингизхон (1206–1227) азимтарин лашкаркашию истилокорӣ ва харобсозии даҳҳо кишварҳо ва садҳо шаҳрҳои обод дар таърихи башарият мебошад. Чингизхон тайи солҳои 1207–1211 баъди забти мардумони қисмати ҷанубии Сибир ва Туркистони Шарқӣ, яъне бурятҳо, ойротҳо, уйғурҳо, қирғизҳо ва ғайра соли 1215 Пекан ва қисмати шимолии Чинро ишғол кард ва қариб 90 шаҳри сари роҳашро харобу валангор сохт. Солҳои 1218–1219 Ҳафтруд ва қисмати боқимондаи Туркистонро забт намуда, ба ҳудуди давлати Хоразмшоҳиён наздик омад.

ЛАШКАРИ ЧИНГИЗХОН ЧӢ АФЗАЛИЯТҲО ДОШТ?

Чингизхон баъди хони бузурги муғулҳо интихоб шуданаш ислоҳоти ҷиддии ҳарбӣ карда, лашкари иборат аз 95 фавҷ (отряд)-ро таъсис дод, ки ҳар кадом фавҷ 1000 сарбози яккачин дошт. Ӯ дар миёни лашкараш интизоми сахт ҷорӣ карда, онҳоро ба дастаи даҳиҳо, садиҳо, ҳазориҳо ва даҳҳазориҳо ҷудо намуд. Фавҷи шахсӣ ва яккачини Чингизхон аз 10 ҳазор сарбоз иборат буд, ки онҳоро дар лаҳзаҳои зарурӣ ва хатарнок ба набард сафарбар мекард. Сипоҳи муғулҳо дорои фармондеҳии ягона, интизоми қавӣ, аслиҳаи ҷангии сифатан хуб буда, аз лашкарҳои мамлакатҳои забтшуда бартарӣ дошт. Илова бар ин низоъҳои дохилӣ ва хиёнаткории баъзе ҳокимони маҳаллӣ ба пирӯзиҳо ва пешрафти лашкари муғул мусоидат намуд.

БАҲОНАИ ҶАНГИ ЧИНГИЗХОН ЧӢ БУД?

Чингизхон ба воситаи ҷосусон аз бурду бохти давлати Муҳаммад Хоразмшоҳ огоҳ шуда, барои ба қаламрави ӯ лашкар кашидан баҳона меҷуст. Ӯ аз тариқи қаламрави Хоразмшоҳиён 500 шутур бори корвони дорои зевароти тилою нуқра, маснуоти абрешимӣ, пӯстҳои қиматбаҳо ва ғайраро ҳамроҳи 450 нафар тоҷир ва ашрофи бонуфузи муғул ба сӯи Утрор равона намуд. Ҳокими Утрор Ғоирхон аз ҷосусии нафарони Чингизхон гумонбар шуда, бо дастури султон онҳоро ба қатл расонид ва тамоми бору молашонро мусодира намуд. Ин рафтори густохонаи гумоштаҳои Хоразмшоҳ хашми Чингизхонро барафрӯхта, баҳонаи лашкаркашӣ ба сӯи қаламрави Хоразмшоҳиён – Эронзамин гардид.

пешина
аз 395
навбатӣ