Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Авесто аз панҷ қисм — «Ясно», «Вандидод», «Виспарад», «Яштҳо», «Хурд-Авесто» иборат аст, ки дар дохили худ бобҳову фаслҳо дорад. Масалан, «Ясно» аз 72 боб иборат аст, ки 17 боби он «Готҳо» (сурудҳо) мебошанд. «Готҳо» пораҳои манзумест, ки онро Зардушт нигоштааст. Дар «Ясно» аз масъалаҳои динӣ, вазифаҳову ўҳдадориҳои пайравони дини зардуштия сухан меравад. Дар бобҳои «Ясно» шарҳу тафсири се сухани бунёдӣ — «Пиндори нек», «Гуфтори нек» ва «Кирдори нек» омадааст. «Яштҳо» дар бораи нахустин инсон, нахустин подшоҳони эронӣ, эзадони обу борон, оташ, бод ва пирўзӣ маълумот медиҳад. Қисми дигари Авесто «Вандидод» мебошад, ки он 22 боб (фаргард)-ро дар бар мегирад. Боби якуми «Вандидод»-ро метавон «достони ҷуғрофӣ» гуфт. Дар ин ҷо 16 кишвари қадими сарзамини Орииён (Арияна ваеҷаҳ) номбар гардида, дар бораишон маълумоти мухтасар оварда шудааст. Дар бобҳои дигари «Вандидод» масъалаҳои ҳуқуқӣ, тозагии муҳити зист, ҳунари пизишкӣ ва ғайра матраҳ гардидаанд. Қисмати дигари Авесто, «Виспарад» маҷмўаи дуоҳо ва ниёишҳост дар бораи эзадони дини зардуштия, ки ба онҳо имон доштанд.
Авестодори асри 17 роҳиби англис Ҳенри Лорд ва сайёҳони фаронсавӣ Габриэл дю Шимон ва Ж. Шарден ба аврупоиён ошно намудаанд. Сипас ба омўзиши Авесто олими фаронсавӣ А. Дюперрон камар баст. Вай барои омўзиш ва тарҷумаи Авесто ба Ҳиндустон сафар карда, забону хати авестоиро омўхт. Авесторо ба забони фаронсавӣ тарҷума кард. Дар асоси дастхатҳои Авесто (аз а. XIII то а. XIX) донишманди олмонӣ Карл Фридрих Гелднер (1852—1929) матни интиқодии Авесторо дар се ҷилд таҳия намуд, ки онҳо солҳои 1886–95 дар ш. Штутгарт (Олмон) ба табъ расиданд. Ин нашри беназирест, ки то имрўз ҳам аҳамияташ кам нашудааст.
Таърихнигорон замони зиндагии Зардуштро аз нимаи ҳазорсолаи дуюми пеш аз милод то соли 660 пеш аз милод тахмин карда, умри ӯро 77 сол муқаррар намудаанд. Аксари авестошиносон номи ӯро Зардушт писари Пурушасп аз авлоди Спитамониҳо хонда, дертар ба кишвари Бохтар ва шаҳри Балхи бостонӣ омаданашро зикр кардаанд. Қисме аз муҳаққиқон ватани аслии Зардуштро Хоразм ва баъзеҳо Роғи Мод (Райи Эрон) мепиндоранд, вале Ктесий ӯро сокини Балх ва подшоҳи он мешуморад. Ба ҳар сурат Зардушт дар замони подшоҳии Гуштасп дар шаҳри Балх мақому мартабаи баланд ёфта, чун паёмбари ойини зардуштӣ шинохта шудааст. Қабилаҳои ориёии Бохтар, Суғд, Хоразм ва ғ. бо талқини ойини зардуштӣ муттаҳид гашта, нахустин давлатҳои пешрафтаро дар Бохтар, Суғд, Хоразм ва дар ниҳоят империяи бузурги Ҳахоманишиҳоро падид оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё