Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ТАЪЛИМОТИ АХЛОҚӢ ВА ДИНИИ ЗАРДУШТ
ЧИРО ТАРҒИБ МЕКАРД?

Таълимоти ахлоқии Зардушт аз ситоиши некиву некандешӣ, ростиву росткирдорӣ, хайру сахо ва дигар фазилатҳои наҷиби инсонӣ манбаъ гирифта, мазмуну моҳияти меҳварии онро ҷавҳари сегона – «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» бунёд гузоштанд. Таълимоти ахлоқӣ ва динии Зардушт зимни тарғиби яккахудоӣ ғояи таъсис додани давлати ягона мутамарказ ва тавоноро пеш гузошта, зери дирафши умумиориёӣ муттаҳид шудани қабилаҳои парокандаро ҳадафи хеш қарор медод.

пешина
аз 395
навбатӣ