Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ПАЙДОИШИ ХАТ
Хати оромӣ.
Аз давраҳои қадимтарин одамон қиссаҳои хотирмон ва воқеаҳои муҳимро ба таври шифоҳӣ, яъне насл ба насл дар ёд гирифта, нақл мекарданд, чунки дар он замонҳо ҳанӯз хат вуҷуд надошт. Пас аз ихтирои хат имкон пайдо гардид, ки ба наслҳои оянда оид ба таърих, қиссаву ривоятҳои адабӣ донишҳои давр, аз ҷумла дастоврдҳои соҳаи ситорашиносӣ, техника, математика ва ғайра маълумоти хаттӣ дода шавад.
ХАТТИ ҚАДИМТАРИН ДАР ҶАҲОН КАДОМ АСТ?
Қадимтарин хат дар ҷаҳон хати меҳӣ мебошад, ки он дар Шумер соли 3300 то милод ихтироъ гардидааст. Ин хатро барои он хати меҳӣ меноманд, ки ҳарфҳои он бо аломатҳои мехмонанд навишта мешуданд. Хати меҳиро аввал дар рӯи тахтачаҳои гилин менавиштанд. Тахтачаҳои гилинро хушк мекарданд ва хати сабтгардида дар рӯи онҳо боқӣ мемонд. Баъдтар навиштани хати меҳӣ дар рӯи зарфу кӯзаҳо, тахтасангҳо, рӯйи деворҳои қасру оромгоҳҳо маъмул гардид. Аз хати меҳӣ ба ғайр аз шумериҳо боз халқҳои дигари қадим — бобилиҳо, ошуриҳо, аккадиҳо истифода бурдаанд.
Хати меҳӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё