Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ПАДИД ОМАДАНИ ТАМАДДУН

ЧАРО ДЕВОРИ БУЗУРГИ ЧИН СОХТА ШУД?

Девори Бузурги Чин, ки дарозиаш ба фосилаи беш аз 4 ҳазор километр ва баландиаш ба 10 метр мерасид, ҳамчун як мӯъҷизаи нотакрори аҳди қадим бо меҳнату машаққатҳои басо гарон дар аҳди давлатдории Син Ши Хуан-ди бунёд шудааст. Ӯ ҳатто супориш дод, ки китобҳои файласуфи машҳури Чин Кон-футсийро бисӯзонанд ва зиёда аз 460 олиму нависандаро гунаҳкор карда, ба сохтмони Девори Бузурги Чин фиристод. Дар тӯли ин девори дароз дар масофаи ҳар 100 метр як бурҷ ё манораи дидбонӣ устувор буд, ки барои пешгирии ҳуҷум ва тохтутози ногаҳонии хуннҳо ва юеҷиҳо ҳамчун садди мудофиавӣ хидмат мекард.

СИН ШИ ХУАН-ДИ ЧӢ ГУНА ДАФН ШУДААСТ?

Син Ши Хуан-ди ба муқобили душмани хориҷию дохилӣ ва ошӯбгарон бераҳмона мубориза мебурд. Бинобар ин ӯ аз ҳамлаву сӯиқасди душманонаш ҳаросида, саройе сохт, ки қариб 1000 хонаи печ дар печ дошт ва дар як хона ду шаб пай дар пай намехобид. Ӯ дар поёни умраш дастур дод, ки барояш оромгоҳи муҳташами зеризаминӣ бунёд намоянд. Дар ин оромгоҳ муҷассамаи ҳафт ҳазор сарбозро ҷой доданд, ки қаду басташон одами зиндаро мемонд ва бо силоҳу афзорҳои ҷангӣ ва аспу гардунаҳо мусаллаҳ буданд. Соли 210 то милод Син Ши Хуан-диро баъди маргаш дар ин оромгоҳи ниҳонӣ дафн намуданд, ки ҳоло он осорхонаи аҷибу ҳайратангез аст.

Оромгоҳи Син Ши Хуан-ди.

пешина
аз 395
навбатӣ