Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Солҳои 221–206 то милод подшоҳи Чин Син Ши Хуан-ди буд, ки дар тайи даҳ сол давлатчаҳои парокандаро муттаҳид намуда, давлати марказиятнок ва империяи тавонои Чинро бунёд гузошт. Дар аҳди давлатдории ӯ ба ҳудудҳои Чин сарзаминҳои боқимондаи Манҷурияю Муғулистон ва Куриё ҳамроҳ карда шуданд. Ӯ сипоҳи тавонои савораро таъсис дода, марзҳои империяи марказиятнокашро аз тохтутози қабилаҳои кӯчманчии хуннҳо ва юеҷиҳо ҳимоя мекард. Ин қабилаҳои ориётабори кӯчманчӣ бо дастаҳои савораи хеш бештар ба ҳудудҳои ғарбӣ ва шумолии давлати Чин тохтутоз мекарданд.
Сохтмони
Девори Бузурги Чин.
Лашкариёни
чинӣ.
Қисмате аз
Девори Бузурги Чин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё