Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ҲАЙВОНОТИ ҚАДИМИИ ТОҶИКИСТОН
ФИЛҲОИ ҚАДИМӢ ДАР КУҶО СУКУНАТ ДОШТАНД?
Як замонҳо сарзамини имрӯзаи мо иқлиму табиати тамоман дигар доштааст. Дар ҷангалҳои анбӯҳи он ҷонварони гуногуни азимҷусса, дар фазо парандагони болдасти даҳшатангез мезистаанд. Бо гузашти миллионҳо сол бешазорҳо нест гашта, ба конҳои калони ангишт табдил ёфтанд, ки мо имрӯз аз онҳо истифода мекунем.
Филҳои қадимиеро, ки устухонашон аз бошишгоҳи соҳили рости дарёи Оби Мазор (Ховалинг) пайдо карда шудааст, архидискодонҳо мемонанд. Онҳо авлоди мамонтҳо буда, дар ҷангалзори соҳили дарёҳо сукунат доштанд. Ҷуссаи архидискодон нисбат ба филҳои имрӯза хурдтар буд. Оҷ (дандони ашк)-и архидискодонҳо шакли нимгумбази мудавварро дошт. Оҷи филҳо бошад, дарозрӯя аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо