Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

ДАР САРЗАМИНИ МО ГАВАЗНИ
ШИМОЛӢ БУД?

Бисёр устухонҳои ҳайвонот, ки олимон дар ҳудуди кишвари мо пайдо кардаанд, ба давраи палеолит, яъне ба асри санг тааллуқ доранд. Дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар деҳаи Хуҷии ноҳияи Шаҳринав, зиёда аз 3,5 ҳазор устухони ҷонварони сангшуда аз ҷумла бузу гӯсфанд, оҳу, хирс, гург ва ғайра ёфт шудааст. Яке аз ин бозёфтҳои нодир устухонҳои гавазни шимолӣ мебошанд.
Гавазнҳои шимолӣ имрӯз фақат дар бешазорҳои Аврупо ва Осиё зиндагӣ мекунанд. Дарозии гавазни шимолӣ 3 м, вазнаш то 600 кг аст.

КАРКАДАН ЧӢ ГУНА ҲАЙВОН АСТ?

Каркадан ҷонвари ширхори калонҷуссаест, ки дар рӯи бинӣ як-ду шох дорад.
Каркаданҳо дар ҷанубу шарқии Осиё ва Африқо зиндагӣ мекунанд. Дарозии тани онҳо 2,5-4 м, вазнашон то 3 т аст. Олимони тоҷик дар наздикии деҳаи Шаршари ноҳияи Данғара дар мағораи Оғзикичик ва дар бошишгоҳи қадимии деҳаи Қарамайдони ноҳияи Файзобод устухонҳои каркадани пашмдарозро пайдо кардаанд.

пешина
аз 395
навбатӣ