Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Ҷисми одам аз сар, гардан, тана ва дасту по иборат аст. Ҳар як бахши бадан ба қисмҳо ҷудо мешавад: сар – ба ҷумҷураи мағз ва рӯй; гардан – ба шуъбаи қафо ва пеш; тан – ба тахтапушт, сина ва шикам; дастҳо – ба китф, оринҷ, соид, панҷа; пойҳо – ба рон, зону ва соқу панҷаи по. Ҷисми одам пурра бо пӯст фаро гирифта шудааст.
Дар бештари сатҳи бадан мӯй мерӯяд. Мӯи сару риш дарозу нарм аст, мӯйи абрӯ ва мижаҳо дурушт мебошад.

Мувофиқи ривоятҳои асотирии мардуми ориёгӣ ва китоби Авесто нахустин табиб дар рӯи замин Трита ном дошт. Маълумоти бештар дар бораи Трита дар боби бистуми бахши «Вандидод»-и Авесто омадааст.
Трита доиман дар ҷустуҷӯи гиёҳу доруҳои гуногун ва тарзҳои нави табобат буд. Бо ёрии эзад Шаҳривар – яке аз ҳафт ёварони Аҳура Маздо – вай доруву дармонҳоро ба муқобили бемориҳои нохушӣ ва пӯсидагиву гандидагӣ ҷустуҷӯ мекард, аз Шаҳривар тарзҳои гуногуни дармон бахшиданро меомӯхт.

Вақте аз мағоза пойафзори нав харида мепӯшед, ҳис мекунед, ки он барои як поятон каме хурд аст. Сабаб дар калон будани як қафи пой аз дигараш аст. Аз ҷиҳати анатоми қисми росту чапи тани одам андозаи гуногун дорад.
Барои исботи ин гуфта метавонед рӯ ба рӯи ойна истода, ба чеҳраатон бо диққат назар афканед. Мебинед, ки тарафи рости рӯй нисбатан калон аст. Ин фарзия ба ҳама қисматҳои бадан дахл дорад. Масалан, дил дар тарафи чап, ҷигар дар тарафи рост ҷойгир аст.

пешина
аз 395
навбатӣ