Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Ҳар як ангушти даст ном дорад. Ҳисоби ангуштон аз сарангушт оғоз меёбад. Аз рӯи тартиб ангуштон чунин номгузорӣ карда шудаанд: сарангушт (ибҳом), ангушти ишорат (саббоба), ангушти миёна (вусто), ангушти бинсир (ангушти ҳалқа) ва ангушти хинсир (хурд, ятимак). Сарангушт вазифаи идора карданро ба ҷо меоварад, ангушти ишорат пас аз сарангушт ҳаракат мекунад, ангушти миёна барои бо сарангушт ва ангушти ишорат чангаквор чизеро доштан истифода мешавад. Ангуштони бинсир ва ятимак ба онҳо ёрӣ мерасонанд. Ангуштони по аз рӯи ҷойгиршавӣ номи ҳисобӣ доранд, яъне ангушти 1, 2, 3, 4, 5.
Дар дунё 96 фоизи одамон бо дасти рост кор мекунанд. Сабаби ин фаъолияти номутаносиби майна мебошад. Қисми чапи майна қисми рости танро идора мекунад ва баръакс, қисми рости он ҷавобгӯи фаъолияти қисми чапи тан аст. Аз сабаби он ки қисми чапи майна болои қисми рости он бартарӣ дорад ва он қисм ҷониби рости тани одамро идора мекунад, бисёриҳо ростдаст мешаванд.
Аз рӯи баъзе маълумот қади баланд меросӣ аст. Яъне агар падару модар, бобову бибӣ ё дигар хешу ақрабои шумо болобаланд бошанд, пас шумо низ қади расо дошта метавонед. Ба рушди қаду қомат дигар омилҳо ҳам таъсир мерасонанд. Нуқсони дил, бемориҳои шуш, гурда, ҷигар ва ғайра метавонад ба сабзиши муътадили одам таъсири манфӣ расонад. Баъзе одамони билкул солим қаду қомати писандида надоранд. Онҳо метавонанд ба варзиш машғул шуда, қаду басти худро росту мавзун намоянд. Барои он ки устухонҳо хуб инкишоф ёбанд, истеъмоли хӯрокҳои серғизо ҳатмист. То синни 20-солагӣ шумо метавонед дар инкишофи қаду қомати худ саҳмгузор бошед. Баъд аз 50-солагӣ қаду қомати инсон торафт паст мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо