Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

ЧУГРОФИЯ ЧИСТ?

Ҷуграфия илмест, ки сатҳи Заминро меомӯзад. Бо мадади ин фан мо метавонем дар бораи сатҳи замин, кӯҳҳо, дарёҳо, мамлакатҳо ва қитъаҳои олам маълумот гирем.
Масалан, олим ва донишманди ҷуғрофидони тоҷик Абурайҳони Берунӣ (973-1048) оид ба заминӯмӯзӣ (геодезия) усулҳои нав кашф намуда, ба воситаи онҳо тӯлу арзи бештар аз 600 мавзеъро чен кардааст. Ӯ мавҷудияти қитъаи Америкоро бори нахуст пешгӯй карда буд. Роҳбалади Васко да Гама (баҳрнаварди португалӣ) дар сафарҳояш баҳрнаварди мусулмон Ибни Маҷид буд.

ШУМО ХАРИТАИ ҶУГРОФИРО МЕДОНЕД?

Ҳанӯз аз замонҳои қадим барои муайян кардани роҳу мавзеи ҳаракат, хатти сафар, ҷойгиршавии шаҳру мамлакат ва ғайра зарурати тартиб додани нақшаи хурди маҳалҳои зиндагӣ сохтани харитаҳо ва нақшаҳои гуногуни картографӣ пеш меомад. Идриси ном олими мусулмон 850 сол пеш харитаи ҷуғрофии оламро тартиб дода буд. Баҳрнавард (адмирали мусулмон) Пири Райис дар Қустантания соли 1513 харитаи ҷаҳонро тартиб дод. Харитаи ҷуғрофӣ тасвири хурд ва ҷамъбастгардидаи ҳамвории сатҳи Замин буда, дар он тамоми объект ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ бо аломатҳои шартӣ истифода мешаванд. Харитаҳо аз нигоҳи бузургӣ ва дарбаргирии қаламрав ба харитаи ҷаҳон, нимкураҳо, материкҳо, қисмҳои онҳо, уқёнусу баҳрҳо, мамлакатҳо ва ноҳияҳои алоҳида ҷудо мешаванд. Дар айни ҳол харитаҳои ҷуғрофии сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ мавҷуданд.

пешина
аз 395
навбатӣ