Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Ҳамагон фикр мекунанд, ки эҳсоси гуруснагӣ ҳангоми холӣ шудани меъда ба вуҷуд меояд. Вале олимон исбот кардаанд, ки дар асл бонги гуруснагӣ ба майна аз хун меояд. Вақте ки миқдори моддаҳои ғизоӣ ва намакҳо дар хун аз меъёр кам мешавад, мо гурусна мемонем. Бо нӯшидани истакони об низ мумкин аст гуруснагиро дарҳол рафъ сохт.

Оё шумо медонед, ки вақти ҳарф задан аз гулу садо мисли навозиши сози мусиқӣ бадар меояд. Дар гулуи одам садопардаҳо ҷой доранд, ки баҳри пайдоиши овоз кумак мерасонанд. Садопардаҳои одам тақрибан 170 тарзи ҷойгиришавӣ доранд. Онҳо зери таъсири миқдори муайяни ҳаво лаппиш ёфта, овозҳои гуногун пайдо мекунанд. Баландии садои одам ба кӯтоҳиву дарозии садопардаҳо вобаста аст.
ГИРЯ ЧИ МАНФИАТ ДОРАД?

Бисёр вақт кӯдакон гиря мекунанд. Илми тиб собит мекунад, ки гиря барои кӯдак муфид аст. Ва аз ҷониби дигар бад-ин восита кӯдак хостаашро изҳор мекунад. Барои бузургсолон низ дар бештари вақт гиря фоидаовар аст, он гаронии дилро сабук ва ҳолати равониро муолиҷа мекунад. Вақте ки дард пайдо шуд, ғадудҳои ашк як навъ моддаи фаъоли биологӣ хориҷ месозанд ва он ҷараёни шифои захм ё осебро метезонанд. Аз шиддати дард бе гиря баромадани оби чашми мо низ аз ҳамин сабаб аст.

ЧАРО МО ОБ МЕНӮШЕМ?

Ҷисми одам тақрибан 60 фоиз аз об иборат аст. Оби организм дар худ миқдори муайяни намакҳои минералиро ҳал менамояд. Вақте ки бо арақи бадан, пешоб ва бухоршавӣ об қисман аз организм хориҷ мешавад, мувозинати ҳуҷайраҳо халал меёбад, яъне миқдори намак коҳиш наёфта, миқдори об кам мегардад. Бинобар ин, зарурати пурра кардани моеъ дар ҳуҷайраҳо пайдо мешавад ва мо ташна мемонем.

пешина
аз 395
навбатӣ