Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

КАШФИЁТИ
БУЗУРГИ ҶУҒРОФӢ

Сайёҳ ва баҳрнаварди машҳури мусулмон Ибни Батута зодаи шаҳри Танҷири Марокаш (Африқои Шимолӣ) буда, дар асри XIV зиндагӣ кардааст. Ӯ сафарҳои худро аз Африқои Шимолӣ оғоз намуда, тавассути Саҳрои Кабир ва баҳри Сурх аз Осиёи Миёна, Ҳиндустон ва Чин дидан кардааст. Ибни Батута дар масири роҳаш ба Чин аз Сейлон, Бирма ва Малайзия убур намуда, зиёда аз 25 соли ҳаёти худро дар мусофират гузаронидааст. Сафарномаи Ибни Батута аҳамияти бузурги илмии этнографӣ ва ҷуғрофӣ дорад.

ҚИТЪАИ АМРИКОРО КӢ КАШФ КАРДААСТ?

Вуҷуд доштани қитъаи Амрикоро бори нахуст дар асоси хулосаҳои илмӣ олим ва донишманди ҷомеъулулуми тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ пешгӯй карда буд. Баҳрнаварди испанӣ Христофор Колумб баъди чаҳор аср, яъне соли 1492 аз Испания берун шуда, бо киштӣ аз тариқи баҳри Кариб ба тарафи ғарб сафар кард. Ӯ мехост, ки роҳи баҳрии Ҳиндустону Хитойро пайдо кунад, аммо ба ҷои он тасодуфан ба қитъаи Амрико расид. Ӯ ҳатто тасаввур ҳам намекард, ки қитъае дар ин самт воқеъ аст. Дар ташаккули илми ҷуғрофиёӣ кашфиёти олимони мусулмон низ нақши муҳим доштааст.

пешина
аз 395
навбатӣ