Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Ҷуғрофия
КЛАВИХО КӢ БУД?
Руи Гонсалес Клавихо сайёҳи испанӣ мебошад, ки соли 1404 чун сардори ҳайати сафорат аз ҷониби шоҳи Кастилия Генрихи III бо мақсади барқарор намудани робиtai дӯстона ва ҳамкории тиҷоратӣ миёни Испания ва давлати Темур ба дарбори Темур омада буд. Ӯ бо урфу одат, фарҳанг ва анъанаҳои мардумони Осиёи Марказӣ ошно гардида, пас аз бозгашт ба ватани худ ёддоштҳояшро бо номи «Рӯзномаи сафар ба дарбори Темур – шаҳри Самарқанд» нашр намуд, ки ин асар доир ба таърихи халқи тоҷик дар аҳди ҳукмронии Темур манбаи муҳимми таърихӣ-ҷуғрофӣ маҳсуб меёбад.
РОҲБАЛАДИ ВАСКО ДА ГАМА КӢ БУД?
Роҳнамои Васко да Гама (баҳрнаварди португалӣ) дар сафарҳояш баҳрнаварди мусулмон Ибни Маҷид Аҳмад (нимаи 2-юми асри XV) буд, яъне кашфиёти ҷуғрофии ӯ асосан бо кӯмаки ин фарди мусулмон рӯӣ додаанд. Дар солҳои 1497–1498 зимни гузаштан аз Милинди ва Каликут ӯ роҳнамои эскадраи киштии Васко да Гама буд. Ӯ дар «ал-Ҳовия»-и худ дар бораи илми баҳрнавардӣ маълумот дода, аломату нишонаҳои наздикии Замин ва тартибу низоми вазиши бодҳо, хатти сайри роҳҳои баҳри Сурх, халиҷи Форс ва уқёнуси Ҳиндро шарҳ додааст.
ПИРИ РАЙИС ВА КАШФИЁТИ Ӯ Баҳрнавард, адмирали мусулмон Пири Райис (1465–1554) дар Қустантания соли 1513 харитаи ҷаҳонро тартиб дод. Ӯ дар асари худ «Китоби Баҳрия» эҳтимоли мавҷудияти қитъаи Амрикоро зикр карда буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо