Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Кӯли Калон дар нишебии шумолии қаторкӯҳи Зарафшон, дар ҳудуди ноҳияи Панҷакент (деҳаи Чимтарға) дар баландии 2382 м ҷойгир шудааст, бараш 400 метр ва умқаш 2,4 м аст. Ба Кӯли Калон ду дарёчаи хурд рехта, аз он дарёи Уреҷ ҷорӣ мешавад. Аз назди Кӯли Калон пайроҳаи сайёҳӣ аз Панҷакент ба Искандаркӯл мегузарад. Дар наздикии Кӯли Калон боз ҳафт кӯли хурд (Коҷар, Сиёҳ ё Хунӣ, Молшӯй, Бибиҷонак, Сафедак ва ғ.) ҳаст. Дар Кӯли Калон моҳиҳои гуногун (бештар ширмоҳӣ) мавҷуданд.
КӮЛИ САРЕЗ ЧӢ ГУНА ПАЙДО ШУДААСТ?
Кӯли Сарез дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби Бадахшон воқеъ аст. Он дар қисмати поёнии дарёи Мурғоб, дар байни қаторкӯҳҳои Аличури Шимолӣ ва Музкӯл дар баландии 3260 м ҷойгир буда, масоҳати сатҳаш 79,4 км², тӯлаш 55,8 км мебошад. Ин кӯл соли 1911 бар асари канда шудани кӯҳ ва бо кӯҳпораҳои ҳаҷмашон зиёда аз 5 млн м³ банд шудани дарёи Мурғоб пайдо шудааст. Дар натиҷаи ин офати табиӣ деҳаи Усой зери кӯҳпораҳо монд. Оби дарёи Мурғоб тадриҷан ҷамъ шуда, аз кӯҳтеппа ҳам баланд шуда гузашт ва деҳаи Сарез, ки 18 км болотар аз Усой воқеъ гардида буд, зери об монда кӯли Сарез ба вуҷуд омад. Ба тарафи кӯли Сарез танҳо ду пайроҳаи пиёдагард мавҷуданд. Ба он ҷо бештар бо вертолёт рафтуо мекунанд. Ҳоло кӯли Сарез 17 километри мукааб об дорад ва аз сатҳи баҳр баландтарин кӯл дар ҷаҳон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор