Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАРЁҲО (РӮДХО)

Дарё, шохаи оби равонест, ки аз чандин ҷӯйу сарчӯй якҷоя шуда, маҷрои табиӣ дорад ва манбаи асосиаш барфу борон аст. Обҳо асосан аз куҷо ҷорӣ мешаванд? Сарғаҳи баъзе дарёҳо аз чашмаҳо ибтидо мегиранд, як қисми дигарашон аз пир- яхҳои баландкӯҳ, барфу тармаи қул- лаи кӯҳҳо, яхпораҳои обшаванда, обҳои зеризаминӣ ва аз кӯлҳои бу- зург ҷорӣ мешаванд. Аз ҷумла, да- рёҳои бузурги Тоҷикистон аз пирях- ҳо ибтидо мегиранд.

ДАРÒЗТАРИН ВА СЕРОБТАРИН
ДАРЁИ ОЛАМ КАДОМ АСТ?

Дарёи аз ҳама дарозтарини олам Нил дар Аф- риқо мебошад. Он ҳатто аз кайҳон намудор аст. Дарозии д. Нил 6695 км, яъне аз кӯли Виктория то резишгоҳи он – баҳри Миёназамин мерасад. Дарёҳо натанҳо барои пайдоиши манзараҳо ва соҳилҳои сарсабз мусоидат мекунанд, балки ба- рои инсоният ғановати табиии муҳим – сарчаш- мои оби нӯшокӣ, манбаи обёрӣ ва парвариши зи- роату намудҳои гуногуни моҳиҳо низ мебошанд. Дарёи аз ҳама пуробтарини дунё Амазонка дар Америкои Ҷанубӣ аст.
ШОХОБИ ДАРЁ ЧИСТ?

Шохоб ин дарёчаи хурд буда, ба дарёҳои калон рафта мерезад. Агар оби дарё бевосита ба кӯл, баҳр ё уқёнус нарехта, ба дарёи дигар ҳамроҳ шавад, онро шохоб меноманд.

ДАРЁИ ОМУ

Дарёи Ому (Аму, Ҷайҳун), бузургтарин дарё дар Осиёи Марказӣ буда, дар қисми болообаш Тоҷикистон у Ўзбекистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад. Дар китоби Авесто бо номи Дойтиё маълум аст, ки дар Арияна Ваеҷа ҷорӣ мешавад. Омударё ба баҳри Арал мерезад. Дарозиаш 1415 км, аз саргаҳи Панҷ 2540 км. Қисми асосии оби Ому аз дарёҳои Панҷ ва Вахш аст. Шохобҳои асосиаш – Вахш, Кофарниҳон, Сурхондарё ва Сурхон, Қундуздарё ва Кӯкча. Оби дарёи Ому тира буда, поёнобаш ях мебандад. Дар Ому моҳӣ бисёр аст: лаққамоҳӣ, хормоҳӣ, белбинӣ, зағорамоҳӣ ва ғ. Аз оби Ому заминҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон обёрӣ мешаванд. Ому аҳамияти нақлиётӣ низ дорад. Аз Тирмиз то поёноби дарё киштигард мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон киштӣ то Панҷи Поён ҳаракат карда метавонад.

пешина
аз 395
навбатӣ