Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ДАВЛАТИ ЮНОНУ
МАКДУНИЯ
Ҷангҳои байниҳамдигарии шаҳр-давлатҳои юнонӣ дар аввали асри IV то милод авҷи тоза гирифт. Мақдуния дар давраи ҳукмронии Файлақуси II (359-336 то милод) ба давлати пуриқтидори нимҷазираи Балкан табдил ёфт. Файлақус лашкари ҷангозудаи афзуне фароҳам оварда, ба шимоли Юнон сар даровард. Соли 338 то милод дар наздикии шаҳри Херонея муҳорибаи ҳалкунандаи юнониён бо мақдуниҳо рӯй дод ва лашкари пурзӯри Мақдуния пурра ғалаба кард. Соли 337 то милод дар Коринф ҳамоиш (конгресс)-и умумиюнонӣ ҳукмронии Мақдунияро дар Юнон эътироф намуд, ки сардори он Файлақуси II интихоб шуд.
ИСКАНДАРИ МАҚДУНИ КӢ БУД?
Соли 336 то милод Файлақуси II аз ҷониби яке аз дастёронаш кушта шуд ва ба тахти давлати Юнону Мақдуния писари 20-солаш Искандар нишаст. Искандар ба тахти Мақдуния нишаста, ҳамчун сарфармондеҳи лашкарҳои муттаҳидаи эллинӣ соли 336 то милод шаҳр-давлатҳои парокандаи Афина, Спарта, Фива ва Коринфро муттаҳид намуд ва давлати мутамаркази Юнонро таъсис медиҳад.
Искандари Мақдунӣ
шаҳри Тирро муҳосира мекунад.
ИСКАНДАРИ МАҚДУНИ КАЙ БА ЭРОН
ЛАШКАР КАШИД?
Искандари Мақдунӣ соли 334 то милод ба истилои Эрон шурӯъ намуда, дар муҳорибаҳои назди дарёи Граника (соли 334 то милод), наздикии Исса (соли 333 то милод) ва Гавгамел (соли 331 то милод) лашкари сершумори Ҳахоманишиёнро шикаст дод. Ӯ давлати паҳновари Эронро ишғол карда, ғаниматҳои зиёдеро ба Мақдуния фиристод. Искандар дар тӯли 12 сол ҳудуди давлаташро аз Миср то Осиёи Марказӣ ва сарзамини Ҳинд васеъ намуд.
Муҳорибаи назди дарёи Граник.
ЧАРО ИСКАНДАР БО РУХШОНАК ХОНАДОР ШУД?
Искандари Мақдунӣ ҳангоми истилои Бохтару Суғд дар тайи се сол ба муқобилияти сахти Спитамен ва ҳамсафонаш Австон ва Катон дучор шуд. Ӯ баъди талафоти гарон, ҷангу ҷидолҳои сершумор ва заҳматҳои сангини лашкаркашиҳо ба Рухшонак ном духтари ҳокими маҳаллӣ Оксиарт, ки хеле зебо буд, хонадор шуда, бо ашрофи Бохтару Суғд робитаҳои хешу таборӣ бунёд ниҳод.
САРНАВИШТИ РУХШОНАК БО ЧӢ АНҶОМ ЁФТ?
Искандар тобистони соли 323 то милод дар синни 32-солагӣ дар Бобил вафот намуд. Ба ҷои ӯ ворисаш Александри IV-и хурдсол, ки писари қонунии Искандар ва Рухшонак буд, ба тахт нишаст. Рухшонак ҳамроҳи писараш Александри IV то соли 311 то милод ба ҷои шавҳараш давлатдорӣ намудааст. Ӯ ва писари 12-солааш Александри IV бар асари сӯиқасд, яъне заҳр додани душманон, кушта мешаванд. Баъди онҳо Империяи паҳновари Искандари Мақдунӣ рӯ ба парокандагӣ оварда, дар қисмати шарқии он Селевк ва писараш Антиох, ки фарзанди воқеии Аппамаи духтари Спитамен буд, қариб сад сол давлати Селевкиҳоро пойдор доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё