Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЛАШКАРКАШИИ ИСКАНДАРИ
МАҚДУНИ БА ҲИНД
Искандари Мақдуний баъди талошу муборизаҳои шадид ва хунрезиҳои қариб чаҳорсола дар Бохтару Суғд соли 327 то милод аз тариқи кӯҳҳои Ҳиндукуш ба сӯи водии Панҷоб ва канораҳои дарёи Ҳинд лашкар кашид. Ӯ Ҳиндустони шимолиро мутеи худ намуда, дар тайи 13 соли лашкаркашиҳояш баъди Ҳаҳоманишиён дуюмин империяи бузурги ҷаҳониро бунёд гузошт.
УСУЛИ ЛАШКАРДОРИИ ИСКАНДАР
ЧӢ ГУНА БУД?
Лашкардорӣ ва муҳорибаҳои Искандари Мақдуний авҷи санъати ҳарбии Юнони Қадим буд. Ӯ омӯзиши ҳаматарафаи мавқеи ҷойгиршавии душманро ҷорӣ карда, робитаи ақибгоҳро бо сипоҳиёни пешсаф таъмин мекард. Нерӯҳои пиёдагарди вазниняроқ, ки бо ҷавшану сипарҳо ва шамшеру найза мусаллаҳ буданд, қувваи пешбарандаи лашкари Искандар ҳисоб мешуданд. Сафи шонздаҳқатораи найзадорони мақдунӣ, ки онро рахна задан душвор буд, бо найзаҳои дарозиашон 4–5 метр пеши роҳи саворагони рақибро мебаст. Дастаҳои пурқуввати савораҳои мақдунӣ душманро пайваста таъқиб мекарданд. Худи Искандар савори аспаш Бусефал дар сафи пеши муҳорибаҳо меҷангид.
НАБАРДҲО ДАР ҲИНД БО ЧӢ АНҶОМИД?
Искандари Мақдунӣ аз мухолифати подшоҳони Панҷобу Таксила ва дигар музофотҳои Ҳинд истифода намуда, оқибат подшоҳи тавонои Ҳинд – Порро мағлуб намуд. Ӯ мехост юриши худро сӯи водии дарёи Ганг идома диҳад, вале сарбозони хастаҳолу дилгиршудааш лашкаркашиҳои минбаъдаи пешвошонро дастгирӣ накарданд. Искандар маҷбур шуд, ки аз роҳи хушкӣ ва роҳи баҳрӣ сӯи Бобил бозгардад. Ӯ баъди азобу машаққатҳои гарон ва талафоти зиёд ба Бобил расид. Искандар дар Бобил каме баросуда, ба кишваркушоиҳои навбатӣ омодагӣ медид, вале соли 323 то милод дар синни 33-солагӣ ногаҳон аз дунё гузашт.
ТАҚДИРИ ИМПЕРИЯИ ИСКАНДАРИ МАҚДУНИ ЧӢ ШУД?
Баъди марги Искандари Мақдунӣ империяи паҳновари ӯ рӯ ба парокандагӣ оварда, дар харобаҳои он баъди кашмакашиҳои шадиду хунрезиҳои бардавоми сарлашкарон се давлати мустақили эллинӣ – давлати Селевкиён дар ҳудудҳои шарқии Осиё (бунёдгузораш Селевки I Никатор), давлати Птолемейҳо дар Миср (бунёдгузораш Птолемей I Сотер) ва давлати Мақдуния дар Юнонзамин (бунёдгузораш Антигон) падид омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё