Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Минтақаҳои фароз ва барҷастаи сатҳи заминро, ки аз домани ҳамвориҳою пастхамиҳо тадриҷан баланд шудаанд ва дорои қуллаву силсилаи теппаҳою пуштаҳои хурду бузург мебошанд кӯҳ мемонанд. Кӯҳҳо рельефи ноҳамвору мураккаб доранд ва табиатан аз қулла, нишебӣ ва домана иборатанд.

Кӯҳҳо аз рӯи синну сол ду навъ: ҷавон ва пир мешаванд. Кӯҳҳои ҷавон қуллаҳои нӯгтез, қирраҳои барҷаста, нишебиҳои ростфуромада дошта, хеле баланданд ва аксар вақт қуллаҳояшон бо барфу яхҳои доимӣ пӯшида шудаанд (масалан, кӯҳҳои Помир, Ҳимолой, Қафқоз, Алп). Кӯҳҳои пир пасттар буда, қуллаҳои суфташуда ва нишебиҳои моил доранд, ба монандӣ қаторкӯҳҳои Урал ва Аппалачи. Дар кӯҳҳои ҷавон назар ба кӯҳҳои пир заминҷунбӣ бештар ба амал меояд. Кӯҳҳои пир табиатан аз канданиҳои фоиданок ғанӣ мебошанд. Кӯҳҳо низ мисли набототу ҳайвонот ва кӯлу дарёҳо давраҳои муайяни ҳаётро аз сар мегузаронанд; пайдо мешаванд, аз таъсири офатҳои табииву омилҳои беруна хӯрдаю паст мешаванд ва дар тайи миллионҳо сол ба ҳамворӣ табдил ёфта, бо мурури замон аз байн мераванд. Дарозии умри кӯҳҳо ба якчанд миллион сол мерасад.

Кӯҳи Қоф, кӯҳи афсонавиест, ки дар ривояту ҳиссаҳои шифоҳии халқи тоҷик ба тимсоли бадеӣ табдил ёфтааст. Аз рӯи ин пиндор, Кӯҳи Қоф басо баланду дастнорас буда, дар ҷойи дуру душворгузар воқеъ шудааст ва расидан ба он хеле сахту сангин аст. Дар паси ин кӯҳ мамлакате ҷойгир аст, ки дар он ҷо деву париҳо зиндагонӣ мекунанд. Паҳлавонони афсонавӣ, одатан, ба пушти Кӯҳи Қоф рафта, девҳои бадҳайбату аждаҳои ҳафтсарро мағлуб мекунанд ва ёри асиргаштаашонро мераҳонанд. Кӯҳи Қоф чун макони воқеаҳои аҷоибу ғароиби хаёлӣ барои шавқовар шудани банду басти ҳиссаю афсонаҳо ёрӣ мерасонанд.

пешина
аз 395
навбатӣ