Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Ҷуғрофия
ЧАРО КӮҲҲО НАМЕАФТАНД?
Дар минтақаҳои кӯҳсор ғафсии қабати қишри замин нисбат ба ҷойҳои ҳамворӣ ҷафстар мешавад. Ҳар қадар, ки кӯҳҳо баланду силсиладор бошанд, замина, яъне пойдевори онҳо ҳамон қадар қавию устуворанд ва дар қабатҳои дарунии мантияи Замин ҷойгир шуда, кӯҳҳоро ба таври амудӣ нигоҳ медоранд.
ЧӢ ГУНА КӮҲҲОРО КӮҲҲОИ КАЙҲОНӢ МЕНОМАНД?
Дар сайёраҳои моҳвораи Офтоб, бахусус сайёраи Миррих кӯҳҳои баланд ва силсилаҳои доманадор мавҷуданд, ки онҳоро кӯҳҳои кайҳонӣ меноманд. Масалан, олимон муайян кардаанд, ки қуллаи кӯҳи Олимпи Миррих 28 ҳазор метр баландӣ дорад, ки он аз қуллаи Эверест (Ҷомолунгма) се маротиба баланд аст.
Қуллаи баландтарини рӯи Замин – Эверест (Ҷомолунгма).
КӮҲҲОИ БАЛАНД ДАР КАДОМ ҚИТЪАҲОИ ОЛАМ ҶОЙГИРАНД?
Кӯҳҳои баланду доманадор қариб дар ҳамаи қитъаҳои рӯи Замин вуҷуд доранд. Силсилакӯҳҳои аз ҳама баландтарин қаторкӯҳҳои Кордилийера дар Амрикои Шимолӣ, кӯҳҳои Алп дар Аврупо, Анд дар Амрикои Ҷанубӣ ва кӯҳҳои Помир ва Ҳимолой дар қитъаи Осиё мебошанд.
Кӯҳҳои Анд дар Амрикои Ҷанубӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор