Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ҚАТОРКӮҲҲО

Кӯҳҳои паси ҳам ба масофаи даҳҳо ва садҳо километр тӯл кашидаро қаторкӯҳ меноманд. Пасти ва ҳамвориҳои миёни ду қаторкӯҳ водии кӯҳӣ номида мешавад. Маҷмӯи қаторкӯҳҳои ба ҳам пайваст кӯҳистон номида мешавад. Масалан, водии Ҳисор, ки дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои – Мачитлӣ (аз шимол), Ҳисор (аз ҷануб) ва Боботоғ воқеъ аст. Кӯҳҳои баландиашон миёна, ки қуллаҳои нисбатан ҳамвор доранд, суффақӯҳ ном доранд.

КАДОМ КӮҲҲОРО МУҚАДДАС
МЕШУМОРАНД?

Чандин кӯҳҳо барои мардуми боварашон гуногуни олам ҳамчун рамзи муқаддасот ва тимсоли ниёиш ба ҳисоб меравад.
Қуллаи Калиманҷароро африқоиҳо Кӯҳи Худои сардӣ меноманд. Вулкани хомӯшшудаи Фудзиямаро ҷопониҳо Кӯҳи муқаддаси Фудҷисан меҳисобанд. Юнониҳои қадим Олимпро боргоҳи зисти худоёни асосии хеш мешумурданд. Дар Тоҷикистон қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ, Кӯҳи Имом Аскарӣ, кӯҳдомани Бурхи Валӣ ва ғайраҳо дар пиндори сокинони таҳҷой кӯҳҳои муқаддасанд. Аз ҷумла қаторкӯҳи Чилдухтаронро дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон дар заминаи ривоят пайкараи сангшудаи чил дӯшизаи муборизу ватанхоҳ мешуморанд, ки бар дасти душман асир афтодан нахостаанд.

пешина
аз 395
навбатӣ