Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Кӯҳҳои биёбонӣ дар Либия.

ОЁ ҲАМАИ БИЁБОНҲО РЕГЗОРАНД?
Аксарияти биёбонҳо сангзоранд, на регзор. Масалан, танҳо 11 дарсади ҳудуди биёбони Саҳрои Кабир бо рег пӯшида шудааст. Вале қитъаҳои алоҳидаи регӣ дар бисёр биёбонҳо мавҷуданд. Реги шамоловарда ҷинсҳои кӯҳиро мисли сунбода тарошида, иншооти аҷоиби сангин – сутунҳои сангии бузурги танҳо, арқҳо, сутунҳои занбӯруғшакл эҷод мекунад.

ВОҲА (ОАЗИС) ЧИСТ?
Биёбонҳо хушктарин ҳудуд дар сайёра мебошанд. Воҳа – ин қитъаи начандон калони замини ҳосилхез дар биёбон аст, ки дар он ҷо обҳои зеризаминӣ ба сатҳи замин мебароянд. Бисёр воҳаҳо табиӣ пайдо шудаанд, вале, агар обҳои зеризаминиро ба рӯйи замин барорем, онҳоро ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардан мумкин аст. Олами نبототи воҳа ғани аст. Дар дигар қисматҳои биёбон бисёр рустаниҳо муддати зиёд дар интизори боронанд.

ҲОМАҲОИ РЕГӢ ВА ТАЛҲОИ РЕГИ РАВОН ЧӢ ТАВР ПАЙДО МЕШАВАНД?
Ҳомаҳои регро бодҳо (шамолҳо)-и вазанда ба вуҷуд меоранд. Рег дар доманаи нишебии шамолраси ҳома ҷамъ шуда, аз теға бо нишебии шамолпаноҳ ба поён фурӯ мерезад. Ҳамин тавр реги равон аз рӯйи самти шамол ҳаракат мекунад. Буттаҳо ё сангҳо ба ҳаракати рег монеъ мешаванд. Реги равон атрофи ҳомаро печонда, тали регии ба самти шамол тӯлкашидаро ба вуҷуд меоварад. Дар натиҷа ҳомаҳои регии моҳмонанд пайдо мешаванд.

ДАР БИЁБОН ЧӢ ТАВР ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД?
Бисёр бошандагони биёбон, ба монанди рӯбоҳ, товушқон, койота (шағол) тарзи зиндагии шабонаро ба сар мебаранд. Баъзеи онҳо аз ҳисоби захираи чарбу метавонанд муддати зиёд бе об зиндагӣ кунанд, масалан шутур ва калтакалос. Решаи рустаниҳои биёбонӣ ё хеле амиқ (барои расидан то қабатҳои обдори хок) ё сатҳии паҳн (барои зуд ҷаббидани шабнам ё оби борон) аст. Баргҳои хурди зичи онҳо ё баргҳо-хорҳо намиро кам бухор мекунанд.

пешина
аз 395
навбатӣ