Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ДАШТҲО
Даштҳо аслан, паҳноҳои васеи бедарахт ё камдарахт буда, дар он ҷо рустаниҳои бисёрсораи ба хушкию камобӣ ва гармию хунукӣ-ҳо тобовар мерӯянд. Даштҳо дар мавзеъҳои камбориши хушк воқеъ буда, бештар бо биёбонҳо ҳамшафа-танд. Боришот дар ин ҷо хеле кам ва дар мавсимҳои муайян меборад. Замини даштҳо барои сабзидану парвариши дарахтон ниҳоят хушк аст, вале дар он ҷо буттаю нимбутта ва алафҳои ба хушкӣ тобовар аз қабили ғеша, шибоғ, ҷορӯбак ва ғ. хуб нашъунамо мекунанд. Даштҳо-ро дар Аврупо ва Осиё «дашт», дар Амрикои Ҷанубӣ – «пошпа» ё «пам-паса», дар Амрикои Шимолӣ – «прерия» меноманд. Даштҳои камдарахти минтақаҳои гармсери Африқо, Ҳиндустон ва Австралия «саванна» ном доранд.
ДАР ДАШТҲО КАДОМ ҲАЙВОНОТ ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД?
Дар даштҳои Амрикои Шимолӣ пеш барза-говҳои азимҷусса – бизонҳо зиндагӣ мекар-данд. Ҳоло аз ҳайвоноти пештараи даштҳо гургҳои даштӣ (кайотаҳо), шағолҳо, сагҳои марғзорӣ боқӣ мондаанд. Дар даштҳо (саван-наҳо)-и Австралия кенгуру, коалҳо, аз паран-дагон шутурмурғи эму ва кукабараҳо зиндагӣ мекунанд. Даштҳои Африқо ҷойи сукунати ҳайвоноти гуногуну парандаҳо ва хазандагону ширхӯрҳои бузургҷусса аз ҷумла, фил, баҳмут, заррофа, шер, ғизол ва гӯрхар мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор