Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

СУНАМИ ЧИСТ?

Зилзилае, ки дар қаъри уқёнус ба амал меояд, боиси дамидани мавҷ, яъне сунами мегардад. Сунами фавран бо суръати баланд ҳама ҷоро фаро гирифта, дар сатҳи соҳил то ба 30 м баланд мехезад ва ба канараҳои соҳил бархӯрда ҳар он чизе ки дар сари роҳаш аст, рӯфта мебарад.

ЧӢ ТАВР АЗ ЗАМИНҶУНБӢ БОЯД ХУДРО МУҲОФИЗАТ КАРД?

Ҳангоми заминҷунбӣ агар дар дохили бино бошед, худро ба зери миз ё даромадгоҳи дар бигиред бехавфтар аст. Меъморон зимни тарҳрезии биноҳои бунёдшаванда, ҳамеша нақшаи биноҳои ба заминҷунбиҳо тобоварро мекашанд. Ба таҳкурсии биноҳо маводи сохтмониеро истифодаю илова мекунанд, ки ҳангоми заминларза хароб нашаванд. Яке аз чунин иншооти ба зилзилаи сахттарин тобовар Манораи Тайбэй дар Чин аст.

ХАРОБИҲОИ ЗИЛЗИЛА

Мувофиқи дараҷаи беш аз 6 балл ҷунбидани замин минтақаҳои зарардида баъзан пурра харобу нобуд мешаванд. Бар асари зилзилаи сахт Замин мечунбад, дар минтақаҳои заминҷунбӣ роғу тарқишҳо пайдо мешаванд, биноҳо баъзан хароб мегарданд, роҳҳои мошингузар ба қисмҳо ҷудо мешаванд, симҳои барқ ва лӯлаҳои газ низ канда мегарданд. Зимни заминҷунбии сахти соли 1923 дар Япония 130 ҳазор нафар, соли 2010 дар Гаити тақрибан 200 ҳазор нафар одамон фавтидаву беному нишон шуданд. Дар заминларзаи Ҳоит 10 июли соли 1949 тақрибан 20 ҳазор одам (тамоми аҳолии шаҳраки Ҳо-ити минтақаи Гарм) зери хок монда, шаҳрак нобуд шуд.

пешина
аз 395
навбатӣ