Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ВУЛКАНҲО
Вулкане, ки ҳангоми оташфишони аз қаъри худ фаввораҳои оташини гудоза ва дуди ғалисро хориҷ месозад - яке аз манзараҳои ҳайратангези рӯи Замин мебошад.
Дар ҷаҳон қариб 500 вулкани оташфишон мавҷуд аст. Як қисми вулканҳо дар хушкӣ ҷойгиранд, қисми дигарашон аз қаъри уқёнусҳо боло мешаванд. Фаъолтарини вулканҳои замони ҳозира дар хушкӣ вулкани Везувий ва дар галаҷазираи Гавай вулкани Килауэа мебошанд.
ВУЛКАНҲО ЧИ ТАВР ПАЙДО
МЕШАВАНД?
Вулканҳо дар кафидагиҳо (сӯрохҳо)-и қишри Замин, ки аз дохили онҳо аз манбаи амиқи магма, моддаҳои гудохта, хокистар ва газҳо ба рӯйи замин фаввора зада мебароянд, пайдо мешаванд. Магма аз танӯраи вулкан берунрехта гудоза ном дорад. Гудоза дар ҳавои кушод хунук ва сахт шуда, дар атрофи танӯра кӯҳи махрутшакл ҳосил мекунад. Вулканҳо аксаран дар фарозои қаторкӯҳҳои ҷавон ҷойгиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор